Абдураҳмон Қодирӣ озмуни «Хомаи созанда-2015»-ро баргузор мекунад

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ азм дорад озмунеро таҳти унвони «Хомаи созанда-2015» баргузор намояд, ки барои беҳтарин маводи журналистӣ дар соли 2015 тақдим карда мешавад.

Ин қарор, ки аз 12-уми марти соли равон ба тавсиб расидааст, ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади тарғиби дастовардҳои замони истиқлолият, таъмини инъикоси муҳимтарин таҳаввулоти иқтисодию иҷтимоии вилоят ва нашри маводҳои баландпоя дар мавзӯъҳои аҳамияти махсусдошта, арзиши баланди иҷтимоидошта, дастгирии журналистони вилоят гузаронида мешавад.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар озмуни «Хомаи созанда» журналистон метавонанд, дар бораи тадбирҳо оид ба ҳифзи саломатии модару кӯдак, пешгирии худкушӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб, тарғиби «Соли оила», фарҳанги оиладорӣ ва устувории он, тарбияи насли наврас, пешгирии никоҳи хешутаборӣ ва муноқишаҳои оилавӣ, азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ, рафти тақсимоти замин ба деҳқонон, бунёди боғҳои интенсивӣ, ҷорӣ гардонидани технологияи муосир, усулҳои замонавии хоҷагидорӣ, таҷрибаи пешқадам, навовариҳо, дигаргуншавии муносибат ба истеҳсолот ва ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии кишоварзӣ, эҳё ва рушди саноати сабук, ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ ва адрасбофӣ, ба кор андохтани корхонаҳои бозистодаи саноатӣ, сохтмони корхонаҳои нав ва сармоягузорӣ дар риштаи саноат, идомаи соли роҳҳои обод, рафти ободкориву созандагӣ, саҳми ҳокимият, соҳибкорон ва аҳолӣ дар беҳтар гардонидани ҳолати роҳҳо, инчунин рафти корҳои таъмиру тармими хатҳои нақлиётӣ, соли рушди фарҳанг ва гулҳо, вазъи муассисаҳои фарҳангӣ, баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии шаҳрвандон, эҳёи анъанаҳои миллӣ аз қабили рӯзгордорӣ, таомпазӣ ва меҳмондорӣ, фаъолияти чойхонаҳои миллӣ, эҳё ва ҷалби ҷавонон ба варзиш, аз ҷумла ба намудҳои миллии он-чавгонбозӣ, гуштингирӣ, сохтмони иншооти варзишӣ маводҳои таҳлилии худро, ки дар марҳилаи аз 1-уми январи соли 2015 то 1-уми октябри соли 2015 пахш ва ё нашр гардида бошад, пешниҳоди ҳайати ҳакамон намоянд.

Гуфта мешавад, ки барои мукофотонидани ғолибони озмуни «Хомаи созанда» 150 000 сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст.

http://faraj.tj/news/8557-abdura1203mon-1178odir1251-ozmuni-homai-sozanda-2015-ro-barguzor-mekunad.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *