3-юми май ҳамчун Рӯзи байналмилалии озодии матбуот таҷлил мегардад. Дар ин рӯз бештар аз ҳар вақт дастандаркорони расонаҳои хабарӣ сари мушкилоти соҳа ва ҳолати озодии баён андеша мекунанд. Дар назар аст, ки ин шабу рӯз аз ҷониби созмону ташкилотҳои журналистӣ ҳамоишҳо баргузор гашта, дурнамои соҳа баррасӣ ва беҳтарин рӯзноманигорону иттилоъдиҳандагон бо ҷоизаҳо қадрдонӣ шаванд. Дар ҳар сурат, ҳанӯз суол боқӣ мемонад, ки ВАО-и кишвар, хоса матбуоти имрӯз то кадом андоза озод аст? Андешаи муҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Абдумудассир Аҳмадзода дар ин мавзӯъ:— Матбуоти мо озодии нисбӣ дорад. Аз мизи хабарнигор то мизи сармуҳаррир озодии комил ва баъд озодии нисбӣ. Зеро сармуҳаррир пеш аз он, ки чизеро чоп намояд, сад бор анеша мекунад. «Мабодо андозро наранҷонам?», «мабодо барқ аз ман хафа нашавад?», «мабодо мансабдораке маро барои ягон калима ба суд надиҳад?», «мабодо манфиати ягон «одами боло» зарар набинад?» ва боз садҳо «мабодо»-и дигар.
Дар шароити имрӯза ба ҳайси сармуҳаррир кор кардан як қаҳрамонист. Зеро онҳо (сармуҳаррирон) дар вазъияте ҳастанд, ки хонанда иттилоъи дақиқ талаб мекунаду онҳо ин иттилоъро танҳо бо назардошти чанд манфиат пешниҳод карда метавонанд. Яъне «дар миёни чор девор тахтабандам кардаӣ. Боз мегӯӣ, ки ҳушёр бошу доман тар макун». Агар заррае доман тар шавад, аз сармуҳаррир ва нашрияи ӯ танҳо хотира боқӣ мемонад. Сармуҳарирони имрӯзаи нашрияҳои хусусии кишвар воқеан қаҳрамонанд. Рӯзи матбуоти озод муборак, сармуҳаррирон!
Источник: http://www.tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=14055