Абдуқаюми Қаюмзод, журналисти маъруф, cубҳи имрӯз, 19 феврал, ба сабаби бад шудани вазъи сиҳатияш дар шуъбаи эҳёгарии беморхонаи «Қарияи боло»-и пойтахт бистарӣ шудааст.
Сиддиқа Асадова, ҳамсари Абдуқаюми Қаюмзод, мегӯяд:
— Субҳ саломатияш бад шуд ва фавран ба беморхонаи «Қарияи боло» овардем, ки он ҷо дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарӣ карданд. Ҳоло дар ҳамин шуъба қарор дорад. Табибон гуфтанд, ки баъди беҳтар шудани вазъи сиҳатияш ӯро аз шуъбаи эҳёгарӣ ба бахши кардиология мегузаронанд.
Зимнан, таи ду сол аст, ки фишори равонии мақомоти гуногун болои Абдуқаюми Қаюмзод идома дорад.
Ду соли пеш мавсуф бо пешниҳоди ҳафтаномаи «Фараж» барои силсиламусоҳибаҳояш барои дарёфти ҷоизаи Лоҳутӣ пешниҳод шуда буд. Он замон мақомот ба хотири он ки дар рӯихати гирандагони ҷоиза номи Қаюмзод буд, маросими супоридани ин ҷоизаро аз ҷониби президенти кишвар аз барнома лағв карданд. Дунболаи ин бо баҳонаҳои гуногун Қаюмзод аз радиои «Озодӣ» аз кор ронда шуд ва чанд муддат бекор буд. Моҳе ба ҳайси сухангӯи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон фаъолият кард.
Рӯзноманигор пас аз бекории чандмоҳа дабири нашрияи «Ҳафта» таъин шуд. Вале вазири нави фарҳанг Орумбеков бо баҳонаҳои гуногун фавран нашрияро баъди нашри як шумора баст.
Бемории дил ҳамон рӯзе ба хуруҷ кардан сар кард, ки Вазорати фарҳанг тасмимашро дар мавриди бозхонди шаҳодатномаи бақайдгирии «Ҳафта» эълон намуд.
Бояд гуфт, ки дар таърихи матбуоти тоҷик дар 20 соли охир Орумбеков аввалин вазири фарҳанг аст, ки нашрияи мустақилро мебандад. То ба ин дам мақомот барои бастани ин ё он нашрия аз василаҳои дигар, масалан фишор ба чопхонаҳо истифода мекарданд, то онҳо ба хотири баста нашудан аз чопи дилхоҳ нашрия худдорӣ варзанд.
http://faraj.tj/news/4603-1178ayumzod-dar-shubai-e1203egarii-bemorhona-bistar1251-shud.html