Вазорати фарҳанги Тоҷикистон муҷаввизи нашрияи тозатаъсиси “Ҳафта”-ро лағв кардааст.
Ин ҳафтанома, ки қаблан бо исми “Овоза ва ҳақиқат” мунташир мешуд, тавонист танҳо як шумораи ҷадиди худро ба ҳаводорон пешниҳод кунад.
Дастандаркорон мегӯянд, ки “Ҳафта” низ то ҷое идомаи нашрияи “Овоза ва ҳақиқат” аст. Ин нашрия аз моҳи марти соли 2011 то моҳи октябри соли 2013 мунташир мешуд.
Вале ба гуфтаи онҳо, чопи ин ҳафтанома чандон муваффақ набуд ва ҳамакнун бо тағйири ном ҳайъати эҷодӣ талош дошт ба мавзӯъоти доғи ҷомеъа бипардозад.
Абдуқаюми Қаюмзод, дабири нашрияи “Ҳафта”, ин тасмими мақомотро сиёсӣ унвон карда ва мегӯяд: “Дар сурати ошкор кардани камбудиҳои ҷиддӣ, Вазорати фарҳанг мебоист нахуст нашрияро огоҳ сохта ва барои рафъи ин навоқис водор созад”.
Оқои Қаюмзод рӯзи душанбеи 17-уми феврал ба Би-би-сӣ ҷузъиёти ин тасмимро тавзеҳ дода ва гуфт, ки мақомот иддаъо доранд, ки нашри матолиби сиёсиву иқтисодӣ дар сафаҳоти нашрияи “Ҳафта” мухолифи ойиннома будааст.
Вай афзуд: “Онҳо ҳатто навиштаанд, ки мо ҳаққ надоштаем ин ҳафтаномаро ба унвони шумораи нахустин муъаррифӣ кунем ва “Ҳафта” бояд шумораи навбатии “Овоза ва ҳақиқат” эълом мешуд”.
Абдуқаюми Қаюмзод аз чунин тасмими Вазорати фарҳанги Тоҷикистон изҳори нороҳатӣ кард, вале афзуд, ки қасд надорад барои ҳалли ин мушкил ба додгоҳ муроҷиъа кунад, зеро “ин амр бефоъида аст”.
Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки чунин тасмими мақомот аз он сабаб гирифта шудааст, ки эҳтимоли табдили нашрияи “Ҳафта” ба як расонаи минбари мухолифони давлат вуҷуд дошт.
Дар шумораи нахустини “Ҳафта” чанд матлаби интиқодӣ, аз ҷумла мусоҳиба бо Мӯъмин Қаноъат, шоъири халқии Тоҷикистон мунташир шуда буд. Оқои Қаноъат дар мусоҳибаи худ аз вазъи феълии давлатдорӣ дар Тоҷикистон, бавижа ба вазоифи калидӣ истихдом шудани пайвандони мақомоти баландпоя шадидан интиқод карда ва ин амрро навъе аз “ҳукуматдории замони феодулисм” номида буд.
Муъмин Қаноъат ҳамчунин аз “авлодӣ” шудани ҳокимият дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда ва афзуда буд: «Ин усул аз замони Сомониён ҳам пойинтар аст. Зеро ҳоло ин усул нишони давраи феудолисми ибтидоӣ мебошад.»
Абдуқаюми Қаюмзод рабт доштани чопи ин мусоҳиба бо тасмими Вазорати фарҳангро баъйид намедонад. Вале ӯ муътақид аст, ки лағви муҷаввизи нашрияи “Ҳафта” ба озодии баён дар Тоҷикистон латма ворид мекунад.
Вай афзуд: “Ҳарчанд мо тасмим гирифтем, ки ба додгоҳ муроҷиъа намекунем, вале ниҳодҳои молии байналмиллалӣ бояд огоҳ бошанд, ки дар Тоҷикистон чӣ равандҳое сурат мегиранд”.
http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2014/02/140217_if_closing_hafta.shtml