[b]«Меъёрҳои ахлоқӣ ва касбии журналистӣ», таҳти чунин унвон ба ибтикори Шўрои ВАО-и Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ҳамоише баргузор гардид.[/b]
Тибқи иттилои Дабири кулли Шӯрои ВАО Хилватшои Маҳмуд дар чорабинии мазкур аъзоёни шӯро Иброҳим Усмонов ва Қироншоҳ Шарифзода ширкат варзида ба суолу дархостҳои иштирокчиён посух гуфтанд.
Аз ҷумла қайд гардид, ки Шӯрои ВАО баргузории якчанд чорабиниҳоро дар манотиқи мухталифи кишвар ба нақша гирифта дар Душанбе, Панҷакент ва Суғд низ баргузор мекунад. Ҳамзамон дар нишаст қайд гардид, ки Шӯрои ВАО ниҳоди танзимкунанда оид ба фаъолияти касбӣ ва меъёрҳои ахлоқии журналистӣ буда қарору санадҳои қабулшаванда аз сӯи ин ташкилот характери тавсиявӣ дорад. «Шӯро кӯшиш мекунад, ки баҳсҳои ба миёномадаро дар расонаҳо ва ҷомеаи журналистӣ то ба додгоҳ нарасонида, дар дохили ҷомеаи журналистӣ ҳаллу фасл намояд» гуфт аъзои шӯро Иброҳим Усмонов.
Маврид ба ёдоварист, ки қабл аз баргузории ин чорабинӣ аъзоёни Шӯрои ВАО-ро раиси шаҳри Кӯлоб Абдулғафор Раҳмонов ба ҳузур пазируфт. Ба гуфтаи ӯ ба фаъолияти институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки Шӯрои ВАО аз қабили онҳост ҳукумати маҳаллӣ эътимод дорад.
Дар ин семинар беш аз 50 нафар, аз ҷумла донишҷӯён, устодони донишгоҳ, шаҳрвандон, журналистони маҳаллӣ, намояндагони мақомоти маҳаллии шаҳри Кӯлоб ширкат доштанд.
Источник: http://www.ozodagon.tj/khabarho/tojikiston/5334—l——r