Дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумон, имрӯз 17 июн вакилон аз тағйироту иловаи аз тарафи ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ҷонибдорӣ намуданд.
Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод қайд кард, ки тағйироту иловаи мазкур ба пурзӯр шудани назорати ҳукумат аз болои даромадҳои аҳзоби сиёсии кишвар нигаронида шудаанд.
«Назорат ба хотири пешгирии муомилоти коррупсионӣ, маблағгузорӣ ба терроризм ва пулшӯйии даромадҳои бо роҳи ҷинояткорӣ бадастомада пурзӯр мешавад», — гуфт вазир.
Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки қабули тағйироту илова маънои онро надорад, ки мақомоти дахлдори давлатӣ мунтазам сарчашмаҳои маблағгузории аҳзоби сиёсиро мавриди санҷиш қарор медиҳанд.
«Дар тағйироту иловаҳо пешбинӣ шудааст, ки ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ҳамасола то 20 март ба нашри маълумот дар бораи даромадҳои солонаи худ дар ВАО уҳдадор мешаванд», — зикр кард вазир.
Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид дошт, ки саҳеҳияти маълумоти мазкур аз ҷониби мақомоти марбута санҷида мешавад.
Зимни суханронӣ пеомуни ин масъала раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, вакили парлумон Саидҷаъфар Исмонов изҳор кард, ки дар назари аввал тағйироту иловаҳои мазкур барои аҳзоби сиёсӣ ташвишҳои иловагӣ ба бор меоваранд. «Лекин агар онҳо барои таъмину сулҳу субот дар сарзамини мо равона шуда бошанд, мо онҳоро дастгирӣ мекунем», — гуфт С.Исмонов.
http://news.tj/tj/news/zobi-sies-ba-nashri-malumot-oid-ba-daromad-oi-khud-dar-vao-u-dador-meshavand