Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода тамоми рӯзноманигорони кишварро бахшида ба Рӯзи матбуот табрик намудааст.
Тавре аз дафтари матбуотии Кумитаи ҷавонон иттилоъ доданд, Абдуллозода гуфтааст, ки дар тамоми давру замон мақом ва нақши рӯзноманигорон ҷойгоҳи хосаеро дар байни ҷомеа, алалхусус наврасону ҷавонон вобаста ба интишор намудани хабар ва маводҳои таҳлилие, ки боиси баланд гардидани маърифатнокию маълумотнокии онҳо мегардид, соҳиб буд.
Ӯ афзудааст, ки бо пешрафти илму техника ва васеъ гардидани имкониятҳо дастрасии ҷомеа ба иттилоот рӯз то рӯз васеъ гардида истодааст, ки ин барои роҳ ёфтани эҳтирому манзалати рӯзноманигор аз ҷониби хонанда ва барои дарёфт намудани хонандаи худ як саҳифаи наверо боз намуд.
Номбурда илова намудааст, ки дар даврони истиқлолият нақши матбуот дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои 25 сола ва тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарастию меҳандӯстӣ калон аст: «Рӯзноманигорон бо қалами бурро ва созандаи худ дар пешрафту шукуфои кишвари азизамон саҳми муносиб гузошта, баҳри пойдории сулҳу субот ва арзиши Истиқлолият матлабҳои сершумор ба табъ мерасонанд. Бошад, ки ин анъанаи наку давомдор ва ба нафъи миллату ҷомеаи тоҷик бошад».
Дар охир Абдуллозода ба рӯзноманигорон қалами буррою созанда ва дар фаъолияти минбаъдаашон барору муваффақият таманно намудааст.
http://faraj.tj/news/12702-a1203tam-abdullozoda-r1263znomanigonro-tabrik-namud.html