Хадамоти алоқаи кишвар мегӯяд, ки аз ин пас дар Тоҷикистон фурӯши телефонҳои мобилӣ бе иҷозаи ин ниҳод манъ аст. Тибқи гуфтаи масъулини Хадамоти алоқа, савдогарони телефонҳои мобилӣ бояд қабл аз фурӯши телефонҳо аз ниҳоди мазкур сертификат бигиранд. Ин нуқтаро имрӯз дар ҳузури рӯзноманигорон намояндагони Хадамоти алоқаи кишвар қайд намуданд.
Ба гуфтаи муовини раиси Хадамоти алоқа Адолат Абдураҳмонзода фурӯшандаҳои телефонҳои мобилӣ бояд қабл аз фурӯш аз Хадамоти алоқа сертификати лозимаро ба даст оранд.
Адолат Абдураҳмонзода афзуд, ки минбаъд ҳар телефони мобилие, ки ба талабот ҷавобгӯ нест, соҳиби сертификат намешавад ва истифода бурдани он манъ мешавад. Ҳамзамон, муовини раиси Хадамоти алоқа гуфт, ки аллакай барои вайрон кардани муқаррарот чор нафарро муҷозот кардаанд. Инчунин, тасдиқ гардид, ки гирифтани сертификати мутобиқат барои фурӯши телефонҳои мобилӣ бар ивази маблағ дода мешавад.