Фурӯши телефонҳои мобилӣ ва пленшет дар Тоҷикистон бо иҷозатномаҳои махсус роҳандозӣ хоҳад шуд.
Фурӯши телефонҳои мобилӣ ва пленшет дар Тоҷикистон бо иҷозатномаҳои махсус роҳандозӣ хоҳад шуд.
Илҳомҷон Атоев, муовини сардори Хадамоти алоқа, имрӯз, 16-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, дар назар аст минбаъд фурӯши телефонҳои мобилӣ ва планшет бо иҷозатномаи Хадамоти алоқа роҳандозӣ гардад.
Ин вазифаи нави Хадамоти алоқа дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон ниҳоди махсуси алоҳида — «Тоҷикстандарт» ба санҷиши мутобиқати молу маҳсулот ба меъёрҳо ва додани сертификат мешғул мебошад.
Атоев ахиран изҳор дошта буд, ки ширкатҳои мобилӣ бояд IMEI- нишондоди байналмилалии дастгоҳҳои алоқаро, ки арқоми зиёдро фаро мегирад, сабт намоянд. Ӯ шарҳ дода буд, ки ин иқдом барои ҷилавгирӣ аз дуздии дастгоҳҳои алоқа ва пеширии воридотии ғайриқонунии онҳо мусоидат мекунад.