Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳукми додгоҳ дар нисбати Хайрулло Мирсаидов ба фаъолияти рӯзноманигории ӯ рабте надошта ва ба аз худ намудани маблағҳо ва сохтакории санадҳо, рабт мегирад. Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ду рӯз қабл Хайрулло Мирсаидовро ба 12 соли зиндон маҳкум кард.
Дар изҳороти Додситонии кулли Тоҷикистон, ки рӯзи 13-уми июл ба нашр расид, аз ҷумла омадааст, ки «дар воситаҳои ахбори омма хабарҳои зиёд оид ба таъқиби ҷиноятӣ ва вазнинии ҳукми суд нисбат ба шаҳрванд Мирсаидов Хайрулло ба табъ расида, дар баъзе аз чунин хабарҳо ин ҳолат ба рӯзноманигор будани номбурда вобаста карда, ҳатто ба омилҳои сиёсӣ доштани парвандаи ҷиноятӣ ишора карда шудааст».
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин парванда ҳеҷ маълумоте оид ба фаъолияти сиёсӣ ва ё рӯзноманигории Мирсаидов Хайрулло мавҷуд набуда, вай барои он ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст, ки ҳангоми раҳбари дастаи «Хушдилон ва ҳозирҷавобон» (КВН) будан, ба сохтакории ҳуҷҷатҳо ва азхуд намудани маблағҳои будҷа даст, задааст.
«Ҳамаи иттиҳомот тасдиқи худро ёфт»
Додситонии кулл ҳамчунин мегӯяд, ки Мирсаидов «аз нияти ғаразнок дидаю дониста, оид ба содир шудани ҷинояти вазнин хабари бардурӯғ расонидааст, ки худ ҷиноят мебошад”.
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳама иттиҳомот алайҳи Хайрулло Мирсаидов тасдиқи худро ёфтанд ва бинобар ҳамин ӯ ба 12 сол зиндон ва адои ҷазо дар маҳбаси низомаш сахт маҳкум карда шуд.
Додситонӣ гуфтааст, ки ҳоло ин парвандаи ҷиноятиро мавриди омӯзиш қарор дода ва дар ҳолати «номувофиқ» будани ҷазои таъйиншуда дар нисбати Мирсаидов, метавонад аз болои ҳукми додгоҳ эътироз оварад. Додситонии кулл айни замон интиқоди расонаҳо аз ҳукми додгоҳро «халалдор сохтани адолати судӣ», тавсиф намудааст.
Ҳукми додгоҳ: 12 соли зиндон
Додгоҳи Хуҷанд рӯзи 11-уми июл Мирсаидовро дар нақзи се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбдор дониста, ӯро ба мӯҳлати 12 соли зиндони низомаш сангин айбдор кард. Додгоҳ қарор кард, ки гуноҳи Мирсаидов аз рӯи иттиҳоми «азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ», «сохтакории ҳуҷҷатҳо», «пахш кардани маълумоти бардурӯғ» дар бораи Олим Зоҳидзода, собиқ раиси бахши ҷавонони ҳукумати Суғд исбот шудааст.
Мирсаидов дар сухани вопасинаш рӯз 10 июл дар додгоҳ гуфт, ӯ пулҳои аз буҷа барои КВН ҷудогардидаро ба манфиати худ масраф накардааст. Ӯ дар шарҳи 124 ҳазор маблағҳои ба қавли мақомоти тафтишотӣ, “ғайримақсаднок масрафгардида” гуфт, ки гоҳе аз рӯи зарурат маблағро барои пӯшонидани хароҷоти аз қабл пешбининашуда барои КВН дар Русия истифода кардааст. Вале мақомоти санҷиш баъзе чекҳои ӯро қабул накарданд.
Вай гуфт, барои баъзе хароҷот, масалан — либоси миллӣ аз бозор — натавонистанд чек пешниҳод кунанд. Ӯ афзуд, КВН-и Тоҷикистон таҳти раҳбариаш тавонист симои тоҷиконро, ки дар саҳнаҳои ҳаҷвии Маскав “Равшану Ҷамшуд” сохта буданд, то андозае ба самти мусбат тағйир диҳад ва заковату ҳозирҷавобӣ ва танзу шухиҳои тоҷиконро ба намоиш гузорад.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳукми Мирсаидовро маҳкум кард
Дар пайи эълони ҳукми додгоҳ, намояндаи САҲА дар умури озодии баён ва матбуот Ҳарлем Дезир аз ҳукми 12 соли зиндони журналисти тоҷик Хайрулло Мирсаидов изҳори нигаронӣ кард. Қаблан сафоратҳои ғарбии мустақар дар Тоҷикистон ҳам дар як изҳорот ҳукми 12 соли зиндони журналист Хайрулло Мирсаидов «сангин» ва «мояи нигаронӣ» номиданд ва аз ҳукумат бозбинии ҳукмро тақозо карданд.
Дар изҳороти муштараки сафоратҳои Британияи Кабир, Олмон, Фаронса, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, ки рӯзи 11 июл пахш шуд, аз ҳукми 12 соли зиндони додгоҳи Хуҷанд нисбати журналист ва раҳбари гурӯҳи ҳаҷвнигорони КВН Хайрулло Мирсаидовнигаронии амиқ баён шудааст.
Мирсаидов рӯзи 5-уми декабри соли 2017, баъди он дастгир гардид, ки дар як изҳороти чопӣ дар интернет иддао кард, сардори собиқи раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Суғд Олим Зоҳидзода барои қабули ҳисоботи хароҷоти дастаи КВН аз ӯ ҳазор доллар ришва талаб дорад. Зоҳидзода шаъну шарафи худро поймолшуда донист ва ба додситонӣ шикоят бурд.