Прокуратураи генералии Тоҷикистон вобаста ба зиндонӣ шудани роҳбари КВН-и Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидов ва гӯё ба фаъолияти сиёсиву рӯзноманигории ӯ рабт доштани ин қазия изҳор кардааст, ки ҳукми суд нисбати Хайрулло Мирсаидов ба фаъолияти сиёсӣ ё рӯзноманигории вай рабте надорад, балки вобаста ба аз худ намудани маблағҳо ва сохтакории санадҳост.
Прокуратураи генералӣ дар изҳороти худ навиштааст, ки «дар баъзе аз хабарҳо ҳукми судро ба рӯзноманигор будани номбурда рабт медоданд, ҳатто ба омилҳои сиёсӣ доштани парвандаи ҷиноятӣ ишора мекарданд», аммо ба қавли манбаъ «дар парвандаи мазкур ҳеҷ маълумоте дар бораи фаъолияти сиёсӣ, ё рӯзноманигории Мирсаидов Хайрулло мавҷуд нест».
«Вай барои он ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст, ки ҳангоми раҳбари дастаи «Хушдилон ва ҳозирҷавобон» (КВН) будан, ба сохтакории ҳуҷҷатҳо ва азхуд намудани маблағҳои будҷа даст задааст. Мирсаидов аз нияти ғаразнок дидаю дониста, барои содир шудани ҷинояти вазнин хабари бардурӯғ расонидааст, ки худ ҷиноят мебошад», — тавзеҳ додааст Прокуратураи генералӣ.