Ҳукми Мирсаидов: “Ҷомеаи журналистӣ дар интизори адолат фиреб хӯрд”. ВИДЕО

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 11 июл Хайрулло Мирсаидовро ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Ин ҳукм бо маҳкумияти ҷомеаи журналистии Тоҷикистон рӯбарӯ шуд.

Додраси парванда дар қарори худ гуфт, ки Мирсаидов дар маҷмӯъ аз рӯи се моддаи Кодекси Ҷиноии Тоҷикистон гунаҳгор эълон мешавад. Бо қарори додгоҳ, аз рӯи иттиҳоми «азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ» «сохтакории ҳуҷҷатҳо», «пахш кардани маълумоти бардурӯғ» дар бораи Олим Зоҳидзода, собиқ раиси бахши ҷавонони ҳукумати Суғд дар маҷмӯъ ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Илова ба ин, бо қарори додгоҳ, баъди анҷоми мӯҳлати зиндон Мирсаидов ҳақи дар давоми 2 соли дигар ҳақи ишғоли вазифа дар созмонҳои ҷамъиятиро надорад.

Ҷӯрахон Раҳмон, муовини раиси додгоҳи Хуҷанд ва масъули бозбинии ин парванда зимни қироати ҳукм гуфт, Мирсаидов ба ҳайси раҳбари КВН-и Тоҷикистон ба хазинаи давлат 123 ҳазор сомонӣ зарар расонид ва он зарари молӣ ба манфиати давлат рӯёнида шавад. Ӯ гуфт, ба сабаби он ки Мирсаидов ин маблағи зарарро қаблан пардохт накард, нисбат ба ӯ мутобиқи моддаи 245 – “исроф ё азонихудкунӣ” ҷазои ҳабс татбиқ гардид.

Додгоҳ ҳамчунин ба Олим Зоҳидзода тавсия дод барои рӯёнидани ҷуброни зарҳои моддиву маънавии худ аз амали Мирсаидов ба додгоҳ бо даъвои нав муроҷиат кунад.

Мирсаидов дар вокуниш ба ҳукми додгоҳ чизе нагуфт, вале хеле рӯҳафтода шуд. Модари ӯ ин ҳукмро ногаҳонӣ ва ноодилона хонда гирист.

Ҳукми Мирсаидов: “Ҷомеаи журналистӣ дар интизори адолат фиреб хӯрд”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *