Далелсанҷӣ чун раванди нав дар журналистикаи тадқиқотӣ

Бо дастгирии молиявии Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон тарҷума ва нашри дастурамали «Далелсанҷӣ чун раванди нав дар журналистикаи тадқиқотӣ: имкониятҳо ва дурнамо» амалӣ гардидааст.

Маводи мазкур методологияи далелсанҷиро муфассал рӯнамоӣ мекунад, ки воситаи асосии тафтиши далелҳо буда асбоби муқовимат ба ахбори бардуруғ дар муҳити муосири расонаӣ мебошад.

Муаллифи дастурамал – журналисти маъруфи украинӣ, сармуҳаррири захираи маҳаллии фактчек http://bez-brehni.com/ Александр Гороховский мебошад.

Дастурамал барои доираи васеъи хонандагон пешбинӣ шудааст, аммо пеш аз ҳама барои устодон ва донишҷӯёни факултетҳои журналистика, коршиносони соҳаи медиа, нюс-мейкерҳо, роҳбарони афкори ҷомеа ва блогерҳо, умуман ба ҳамаи онҳое, ки дар ин соҳа фаъолият мекунанд, муфид хоҳад буд.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/17056-dalelsan-chun-ravandi-nav-dar-zhurnalistikai-tad-i-ot.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *