Эътилофи бонувони рӯзноманигори Тоҷикистон озмун барои дарёфти беҳтарин журналистзан гузаронидани Ҷоизаи Эътилоф дар соли 2017-ро эълон менамояд. Тамоми корҳои арзёбӣ ва натиҷагирии матолиби ба озмун пешниҳодшуда ба тариқи онлайн дар вақтҳои барои шумо мувофиқ ( аз 1-ум то 7-уми сентябр) сурат мегирад.
Дархости ширкат дар озмуни Ҷоизаи Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон аз 10-ум июл то 30 августи соли 2018 қабул карда мешавад. Эълони натиҷаи озмун ва супоридани ҷоизаҳо дар Рӯзи байналмилалии ҳамбастагии рӯзноманигорон 8 сентябри соли 2018 баргузор мегардад.
Барои ҳар як матлаби ба озмун пешниҳодшуда варақаи холгузории алоҳида дода мешавад, ки дар он ҳар як коршинос аз рӯи чандин меъёр (кушодани мавзӯъ, маҳорати касбӣ, таъсуроти умумӣ, бозтоби (инъикоси иҷтимоӣ амсоли он) бар асоси рақамҳои 0 то 10 холгузорӣ мекунад.
Дар асоси натиҷаи холгузории коршиносон ғолибони ҳар як номинатсия ба таври овоздиҳии умумӣ муайян карда мешаванд.
Дар озмун панҷ нафар коршиноси варзидаи маъруф Шаҳло Акобирова, Хуршед Атовулло, Наргис Косимова, Хилватшоҳ Маҳмуд ва Носирҷон Маъмурзода даъват карда мешаванд, то ки корҳои ба озмун пешниҳодшударо бар пояи донишу маҳорату таҷрубаи муҳаррирӣ ва педагогии хеш воқеъбинона арзёбӣ намоянд.
http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/17053-ozmun-baroi-bonuvoni-zhurnalist.html