Нишастҳои хабарие, ки ҳамасола маъмулан аввали моҳи июл баргузор мешуданд, имсол ба таъхир афтоданд.
Соли гузашта роҳбарони вазорату идораҳо дар бораи фаъолияти ниҳодашон дар нимсолаи аввали соли 2017 ҳисобот доданд. Нишастҳои матбуотӣ 10 июл оғоз гардида, то 4 август идома ёфтанд.
Дар ҳамин ҳол, имрӯз аз дастгоҳи иҷроияи Президент ба «Азия-Плюс» итминон доданд, ки нишастҳои хабарӣ доир гардида, ояндаи наздик ҷадвали баргузории онҳо ба имзо мерасад. «Ба гумони ғолиб нишастҳои матбуотӣ аввали ҳафтаи оянда шурӯъ мешаванд», — гуфт манбаъ.
Қобили зикр аст, ки тибқи супориши сарвари давлат аз 4-уми марти соли 2005, бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳо ва ҳамчунин дастрасии матбуот ба сарчашмаҳои расмии маълумот нишастҳои хабарӣ дар ҳар семоҳа гузаронида мешуданд.
Аммо ба супориши мазкур тағйирот ворид гардида, шурӯъ аз 1-уми октябри соли 2011 нишастҳои хабарии ҳатмии мақомоти давлатӣ дар ним сол як маротиба доир мегарданд. Дар супориши мазкур зикр гардидааст, ки дар сурати зарурат роҳбарони вазорату идораҳо метавонанд дар як моҳ якчанд маротиба нишасти хабарӣ баргузор созанд.