Номбардори номбардорон

“Дар тӯли 10 сол беш аз 10 китоб ва чандин мақолаву публистистикаро эҷод намудааст!”. Ҳамоишеро бо ин суханон Турдибой Солеҳзода, сармутахасиси шӯъбаи рушди ичтимоӣ ва робита бо ҷомеъаи дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент оғоз намуд.

Вай афзуд, қаҳрамони ин гуфтаҳо Нуралӣ Дӯсталиев, рӯзноманигор ва таърихнигори варзидаест, ки аз синни 75-солагӣ то ба 85 солагиаш ин китобҳоро таҳия ва нашр намудааст. Дӯсталиев аз ҷумла муаллифи китобҳо оид ба зиндагиномаи одамони машҳур, рӯзгордидаву барӯманд, бо номҳои “Шакаррез”, “Се номбардор”, “ Марде аз табори равшанӣ”, «Шоир Сидқӣ”, “Ба гети намонад ба ҷуз номи нек”, “Ниҳоли пурсамар”, “Ҳоҷӣ Нуриддин”, “Пайроҳаи зиндагӣ”, “Ростони диёри бостон”, “Солори сулук” ва муаллифи даҳҳо мақолаҳову филмномаҳои зиёди телевизионӣ будааст.

Ба ифтихори 85-умин солгарди ин марди наҷиб Нуралӣ Дӯсталиев бо ибтикори ҳукумати шаҳри Панҷакент ва ташкилоти рӯзноманигорон дар Панҷакент конфронси илмӣ – амалӣ дар мавзӯи “Нуралӣ Дӯсталиев, рӯзноманигор ва таърихнигор” баргузор намуд. Дар ин конфронс шахсони намоёни шаҳру деҳоти Панҷакент, аҳли адаб ва устодони макотиби оливу миёна роҷеъ ба ҳаёту фаъолияти ин марди накӯном Нуралӣ Дӯсталиев, суханронӣ ва маърӯзаҳо карданд.

Дар охир соҳибҷашн ва фарзандони ӯ ба ташкилкунандагони ин чорабинӣ миннатдории хешро баён доштанд.

http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/17008-nombardori-nombardoron.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *