Китоби нави Афсар Сармад зери унвони “Садои хомӯш” ба хотири журналисти шинохтаи кишвар Шариф Мисайзод аз чоп баромад.
Китоби мазкур ба хотири собиқ корманди радиои “Садои Душанбе”, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуот, Аълочии радио ва телевизион, барандаи Ҷоизаи беҳтарин радиожурналист дар озмуни “Ҷило-2014”, барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соҳаи радио дар соли 2015 (баъд аз маргаш), шоир ва рӯзноманигори маъруф Шариф Мисайзод таҳия шуда, муҳовараҳои рӯзноманигорон бо ӯ ва нигоштаву мусоҳибаҳояш бо шахсиятҳои шинохтаро дар бар мегирад.
Чӣ гунае, ки худи муаллифи китоб менавсиад: “Ёдат ба хайр дӯст ва бародари азизам, орому осуда бихоб. Имрӯз имкон фароҳам омад, то маводҳоятро, ки нигоштаву мусоҳибаҳо бо шахсиятҳои шинохта ва муҳовараҳои рӯзноманигорон бо Шарифи мисайзодро дар бар меги рад, дастраси ҳаводоронат менамоям”.
Шарифи Мисайзод соли 1966 ба дунё омада, хатмкардаи бахши забоншиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд. Ӯ 16-уми июни соли 2016 аз бемории қалб ин дунёро падруд гуфт.
http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/16921-sadoi-khom-sh-az-chop-baromad.html