Директори Китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутӣ (Душанбе) Абдуқодири Абдуқаҳҳор пешниҳоди навбатии худро тариқи шабакаи иҷтимоии Фейсбук ироа кард, ки ин навбат ӯ аз журналисти рус Максим Шевченко таърифу тавсиф мекунад.
Дар ин пешниҳод, ки ба Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони кишвар равона шудааст, гуфта мешавад: «Дӯсти тоҷикон — журналист ва ходими ҷамъиятию сиёсии Россия Максим Шевченко маротибаи чандум аст, ки аз обрӯ ва этибори миллати мо ҳам тариқи шабакаҳои радио-телевизионӣ ва ҳам дар ҳамоишҳои гуногун дифоъ менамояд. Аз ҷумла ба наздикӣ дар як ҷамъомади вобаста ба мавзуъи миллатгароӣ чунин баён намуд:
«Чаро гумон мекунед, ки тоҷикон мардуми нимваҳшиву (полуварвар) бефарҳанганд?… Замоне, ки дар ҳудудҳои шоҳигарии Москва тамаддун набуду он ҷо санҷобҳо ҳукмронӣ мекарданд тоҷикон соҳибдавлату соҳибфарҳанг буданд…»
Пешниҳод доштам Максим Леонардовичро Ҳукумати ҶТ ва ё Иттифоқи журналистон ҳамчун нишони эҳтирому қадршиносӣ бо мукофоте сарфароз намоянд».
Максим Шевченко аз ангуштшумор журналистони рус аст, ки дар мубоҳисаҳои журналистӣ аз миллати тоҷик дар ин кишвар дифоъ мекунад. Айни ҳол муҷрии барномаи родиёии «Один» дар родиёи «Эхо Москвы» аст.