28-уми май ва 5-уми июни соли ҷорӣ мастер-класс дар мавзуи “Истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ барои пешбурди фаъолият ва бехатарии иттилоотӣ” барои кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва вилояти Хатлон баргузор гардид.
Дар ин машғулият тренери миллӣ Аҳлиддин Салимов, мутахассиси медиаи нав дар Тоҷикистон ба иштирокдорон нозукиҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва роҳҳои бехатарии истифодаи онро омӯзонд. Ӯ дар рафти машғулият гуфт: “Шабакаҳои иҷтимоӣ имкон фароҳам мекунанд, то мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ натиҷаи фаъолияти худро аз тариқи ин шабакаҳо муаррифӣ намоянд ва шабакаҳо имкон медиҳанд, ки бо сокинони ин минтақаҳо иртиботи наздик барқарор шавад”.
Суҳроб Азизов, котиби матбуотии шаҳри Бохтар, ки яке аз иштирокчиёни мастер-класс буд, гуфт: “Гузаронидани машғулияти имрӯза зарурӣ буд ва донишҳои гирифтаамро дар фаъолият истифода мекунам. Бисёр мехостем ҳамин гуна семинарҳо вобаста ба самти фаъолияти мо бештар гузаронида шаванд”.
Беҳрӯз Бобоев, сармутахассиси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон низ аз иштирокаш гуфт: “Истифода бурдани ин имконот бисёр муҳим аст ва ман фикр мекунам, ки ин имконотро бояд кормандони мақомоти давлатӣ ҳам омӯзанду истифода намоянд. Чун замон замони иттилоотӣ аст, ҳар яки мо малакаҳои истифодаи технологияи навинро бояд омӯзем”.
Иштирокчии дигари ин мастер-класс Баҳром Пиров гуфт: “Машғулияти гузаштаи мо бамаврид аст ва ин гуна машғулият бояд дар сатҳи ноҳияҳои вилоят низ гузаронида шаваду кормандони давлатӣ бояд ин имконотро истифода баранд ва дар мавриди амнияти рақамиву амнияти иттилоотӣ огаҳ бошанд”.
Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи “Ёрии ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО”, ки аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” ташкил карда шудааст, амалӣ гардид. Мақсади лоиҳаи мазкур — бо роҳи расонидани ёрии ҳуқуқӣ мусоидат намудан ба риояи ҳуқуқӣ барои намояндагони ВАО мебошад.
Шоира Давлатова, сарвари ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” зикр кард, ки “дар доираи лоиҳа қабулгоҳи махсуси ҳуқуқӣ барои расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба рӯзноманигороне, ки ҳуқуқҳои онҳо вобаста ба фаъолияти касбиашон поймол гардидааст, фаъолият менамояд. Ташкилот ба журналистон метавонад маслиҳатҳои ҳуқуқии шифоҳӣ ва хаттӣ расонад, ҳамчунин, барои пешниҳод намудани дархостҳо ба мақомоти давлатӣ (ҳифзи ҳуқуқ, судӣ ва ғ.) мусоидат намояд”.