Боз як соле гузашту даррабуд…

Як сол гузашт…

Барои умри одамӣ як нафасе, вале барои таърих як саҳифаи зиндагӣ.

Гуиё дирӯз буд, ки ман сари лоиҳаи таъсис додани як сайти хабарӣ ба забони русӣ дар вилояти Суғд андеша мекардаму ин тарҳро бо сиёсатмадороне чун Қосими Раҳбар, Раҷаббой Аҳмадзода, Абдураҳмон Қодирӣ, Маҳмудҷон Азизӣ, Зарифҷон Назирӣ, Матлуба Сатторӣ, Ғайрат Азиззода, Баҳром Иноятзода, Ғайбулло Боҳирӣ, Зариф Мирдадо, Рухсора Давлатзода, Шарифҷон Шарифзода, Шарифҷон Ҷумазода дӯстони қаламкаше чун Раъно Бобоҷонова, Илҳоми Ҷамолиён, Музаффар Юнусов, Маҳмудҷон Додобоев, Тилав Расулзода пешниҳод мекардам то маслиҳати худро арзонӣ доранд.

Аввалин суоли ҳамкасбон ин буд: Чаро ба забонирусӣ?

Ва ман дар посух ба ин суол, аз як нишасти хабарнигорон дар Алмато ёдрас мешудам, ки чанд сол пеш бо як моҷаро миёни тоҷикону қирғизон тавъам афтода буд. Дар ин моҷаро ҳатто чанд нафар ҷон бохта буданд. Бародарони қирғиз тоҷиконро гунаҳгор мекарданд, дар ин бора дар як рӯз даҳҳо хабар менавиштанд ва забони русӣ ба онҳо имкон медод то тамоми фазои иттилоотии пасошӯравиро таҳти пушиш қарор диҳанд. Он рӯзи нишасти хабарнигорон ҳам рӯзноманигорони қирғиз чандин рӯзномаҳои кишварашонро оварда буданд, ки аз пурра «гунаҳгор» будани тоҷикон ва «қурбон»-и зулми тоҷикон шудани ҳамсояҳо хабар медод. Ман эътироз кардам ва дар посух як рӯзноманигори маъруфи рус, ки дар паҳлуям менишаст, посух дод:

— Барои он ки мо назари Шумо, назари сокинони ноҳияҳои наздисарҳадии Шуморо бифаҳмем, аз Хуҷанд ё Душанбе тарҷумон намеорем. Мо медонем, ки матбуоти тоҷикӣ пур аз мавод атрофи ин қазия аст, аммо дар кишваратон ҳатто блоги як журналисти фаъол нест, ки дар ин мавзӯъ хабар диҳад.

Ин андеша маро ба фикр бурд. Бале, новобаста аз он ки вилояти Суғд вилояти аз назари иқтисодӣ пешрафта ҳисоб мешавад, ҳафт-ҳашт симои мустақил дорад, аммо на матбуоти мустақили сиёсӣ дорад ва на як сайти мустақили иттилоотӣ. Он солҳо дар дунё ҳарчӣ аз ин вилоят менавиштанд, бо такя ба сайтҳои расмӣ, бо сайту оҷонсиҳои ҳамсояҳо менавиштанд.

Чун дӯстони ҳампеша андешаи маро дастгирӣ карданд, ба роҳ баромадам…

Бояд иқрор шуд, ки андешаи маро дар сатҳи раҳбарияти вилоят, ҳам раиси собиқ Абдураҳмон Қодирӣ, ҳам райиси ҳозира Раҷаббой Аҳмадзода хуш пазируфтанд ва бо ахбори саҳеҳу комил пур кардани фазои иттилоотиро амри саривақтӣ донистанд.

Интернет дар Тоҷикистон ВАО ҳисоб намеёбад.

Соддатар гӯем, дилхоҳ шахс метавонад сайтеро бо ягон ном, бо истифодаи калимаҳои тоҷикӣ кушояд ва росту дурӯғ ҷавлон занаду дар назди ягон мақомот ҷавобгарӣ эҳсос нанамояд, чунки масъулияти ҳуқуқиеро ба зимма надорад.

Ин буд, ки ман зарурати аз сайт ба Оҷонсӣ табдил додани «Суғднюс»-ро эҳсос кардам ва мо онро дар вазорати фарҳанги ҶТ расман ба қайд гирифтем…

Соле гузашт ва мо ҳеҷ гоҳ шахсонеро, ки дар қадамҳои аввал дар паҳлуи мо буданд, моро дастгирӣ карданд, дуо доданд, бо мо шикастанду сохтанд, фаромӯш намекунем…

— Аввалин хабарнигорони «Суғднюс» дар вилоят- Тилав Расулзода ва Қамари Аҳрор

Аввалин тарҷумонҳои «Суғднюс» — Моҳчеҳра, Фазила, Парвина

— Аввалин мусаҳҳеҳони «Суғднюс» — Баҳром Файзуллоев, Салимахон Ваҳобзода

— Аввалин муҳаррири «Суғднюс» — Майгуна Муборакшоева

Аввалин марказҳои матбуотиеро, ки бе дудилагӣ ба мо маълумот пешниҳод карданд- Музаффар Юнусов, Маҳмудҷон Додобоев, Шералӣ Азимӣ, Муродулло Почозода, Иқбол Илёсзода

Аввалин шарики мо – Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷандро

Сипос, азизон, ки ба мо бовар кардед, бо мо будед ва моро дастгирӣ кардед!

Бовар дорем, ки бо дуои Шумо «Суғднюс» ба зинаҳои нав ба нав мебарояд!

Бошед ва бо мо бошед!

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/16799-boz-yak-sole-guzashtu-darrabud.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *