Озмун барои беҳтарин тадқиқоти журналистӣ дар мавзӯи шиканҷа

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар арафаи Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола рӯзи 26-уми июн таҷлил мегардад, миёни рӯзноманигорон озмун эълон мекунад.

Озмун барои беҳтарин тадқиқоти журналистӣ дар мавзӯи шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар кишвар роҳандозӣ мегардад.

Муаллифони се матлаби беҳтарин бо диплом ва туҳфаҳои арзишманд мукофотонида мешаванд.

Шартҳои озмун:

-Дар матлаб бояд мушкилоти шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар кишвар бо далелҳои воқеиву асосноки ҳолати шиканҷа инъикос ёбад (далелҳо аз 2-3 соли охирро истифода бурдан мумкин аст).

-Матнро метавон бо забони тоҷикӣ ва ё русӣ навишт. Ҳаҷми матн аз 5000 то 20 000 нишона.

-Матлабҳо бояд ба суроғаи электронии — notorture.tj@gmail.com бо ишораи konkurs фиристода шаванд.

-Муҳлати охирини пешниҳоди матолиб то 15-уми июни соли 2018. Матнҳоро ба озмун танҳо худи муаллифон метавонанд пешниҳод намоянд. Матнҳои пешниҳодшударо ҳайати ҳакамон, ки ба он рӯзноманигорони ВАО, инчунин коршиносони Эътилоф дохил мешаванд, баҳогузорӣ мекунанд. Натиҷаҳо моҳи июни соли 2018 эълон карда мешаванд. Туҳфаҳо дар чорабинии Эътилоф бахшида ба рӯзи 26-уми июн супорида мешаванд.

http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/16652-ozmun-baroi-be-tarin-tad-i-oti-zhurnalist-dar-mavz-i-shikan-a.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *