Журналистони ҷавони беқалам

Оё онҳо журналистикаи тоҷикро оянда пеш бурда метавонанд!?

Аз ту журналист намерӯяд!

“… Дар гуруҳамон чанд духтари “маҳмаддоно” доштем, шӯх буданд ва ба дарсҳо халал расонидан мехостанд.“Гап мепартофтанд” ва бо саволҳои гоҳо бемантиқу бемазмун муаллимро ба гап гирифтан мехостанд. Аммо Воҳид Асрорӣ аз онҳое набуданд, ки психологияи донишҷӯро нафаҳманд. Боре дар ҷавоби саволи як духтари гуруҳамон чунин ҷавоб доданд:
— Масалан, ту духтар. Ман медонам, ки аз ту ҳеҷ гоҳ журналист намерӯяд. Ту барои вақти умратро дуздидан омадаӣ, агар ба ҷойи ту ягон ҷавони ҳавасдошта ба ин гуруҳ дохил мегашт, савоби бештар мешуд.
Чун даъвои он шарикдарсам ба устод писанд набуду ба чанд саволашон ҷавоб дода натавонист, устод бо андаке ғазаб ӯро қаноатманд кардан мехостанд. Дар посух он духтари шарикдарсамон боз даъвое карду ба торҳои асаби устод нохун зад.
— Ҳой духтар! На ҳамаи шумо журналист мешавед. Урфу одати халқамонро медонӣ, масалан, худат гуфта метавонӣ, ки оянда дар хона чор-панҷ кӯдак дошта бошиву туро шавҳарат иҷозат диҳад, ки як ҳафта ба сафари хидматӣ ба як шаҳру вилояти дурдаст равӣ?…”.
Аз “Ёде аз устод Воҳид Асрорӣ”-и Бахтиёри Қутбиддин

Дар куҷо киро тайёр мекунанд?
Дар шароити глобализатсия, гуфтугӯйи тамаддунҳо, бархӯрди фарҳангҳо, вусъат ёфтани хатари терроризм ва экстримизм дар ҷаҳон хатарест барои кишварҳои дунё ва барои ҳимоя аз таҳдидҳо сипаре лозим аст. Нақшу ҷойгоҳи журналист дар ин раванд мавқеи ҳалкунандаро мебозад. Аз ин сабаб имрӯз ҷаҳони дуқутба ба ҳар роҳу восита мекӯшад, то дар “ҷанги иттилоотӣ” рақобати худро нишон диҳад ва дар ин муҳориба аз пуриқтидортарин “дастгоҳҳои ҷангӣ”, яъне журналист истифода барад. Зеро мо имрӯз бевосита шоҳиди ҳодисаҳое шудем, ки ҳамагӣ танҳо бо пахши як хабар ва ё як аксу карикатура ба амал омаданд. Дар ин ҷода нақши журналистони тоҷик низ аз назарҳо дур буда наметавонанд, хусусан рӯзноманигорони ҷавон.
Раванди омодагии касбии журналистон ҳоло дар 9 муассисаи олии ҷумҳурӣ — Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмумин Раҳимов ва Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт аз рӯйи 8 ихтисос — WEB-журналист, журналисти байналхалқӣ, журналист-тарҷумон, журналисти телевизион, журналист, воқеанигори варзишӣ, муҳаррири адабӣ ва умури нашриёт ҷараён дорад. Мо ба рӯйхати нақшаи қабули довтабони ихтисосҳои журналитикаи муассисаҳои олии кишвар дар соли таҳсили 2018-2019, ки аз ҷониби Маркази миллии тестӣ пешниҳод карда шудааст, назар кардем. Мувофиқи нақшаи қабул бояд дар 9 муассисаи олии ҷумҳурӣ, ки дар боло номашон зикр шуд, аз рӯйи 8 ихтисос 526 нафар донишҷӯён таҳсил кунанд, ки аз ин шумора 349 нафарашон, яъне зиёда аз 66 фисади донишҷӯён, дар муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри Душанбе омода мешаванд.
Барои Тоҷикистон, ки зиёда аз 8 миллион аҳолӣ дорад, ҳамин миқдор журналистоне, ки дар макотиби олии кишвар омода мешаванд, кифоя ва басанда аст. Профессор Иброҳим Усмонов бар он назаранд, ки имрӯз барои ҷомеаи мо зарурате пеш наомадааст, ки дар ҳар донишгоҳи Тоҷикистон факултети журналистика амал кунад. Дар суҳбат бо мо профессор Иброҳим Усмонов масъалаи кадрҳои факултет ва шуъбаҳои журналистикаро чунин шарҳ доданд: “Муҳим нест, ки имрӯз дар ҳар як донишгоҳи кишвар факултети журналистика амал кунад ва барои омодакунии шумораи зиёди донишҷӯён саъю кӯшиш кунем. Балки хубтар онест, ки дар марказ як факултети муттамаркази базаи омодакунии кадрҳои журналистӣ дар фаъолият бошаду дар музофоту вилоятҳои кишвар шуъбаву бахшҳои он фаъолият кунанд. Зеро на ҳамаи донишҷӯёни факултету бахшҳои журналистика пас хатм журналист мешаванду дар ин самт кору фаъолияти худро ба роҳ мемонанд. Мисол, агар дар як сол факултетро 25 донишҷӯ хатм кунанд, аз байнашон танҳо 5-6 нафарашон журналист мешванду халос, ки барои мо басанда аст”.
Аммо имрӯз дар баробари ин масъала омодашавии ҳадди ақали 50 фисади таҳсилкунандагони донишҷӯёни факултет ва шуъбаҳои журналистӣ ба проблемаи дигари омодакунии касбии рӯноманигорон табдил ёфтааст. Зеро аксарияти эшон аз ин касб на огаҳии пурраро соҳибанду на дар оянда завқи дар ин ҷода кор карданро доранд. Дар ин ҳангом иштибоҳ дар интихоби касб низ боиси тасодуфан афтидани аксарияти муҳассилин мегардад. Вале аз чи сабаб бошад, ки довталабон дар ин соҳа ҳуҷҷат месупоранд ва пас аз дохил шудан ба саргармиҳое машғул мешаванд.
Ба ақидаи профессор Мурод Муродӣ, масъалаи майлу рағбат ва ҳавасу хоҳиши рӯзмонанигорони оянда дар ин аст: “Имрӯз аксари донишҷӯёни факултету шуъбаҳои журналистикаи кишвар орзуи корманди телевизион шуданро доранд. Аксари онҳо бо таъсири телевизион ҳаваси журналист шуданро дар худ пайдо кардаанд. Ба назари онҳо, хусусан нафароне, ки аз минтақаҳо меоянд, телевизион шахсро маъруф мегардонад. Бинобар ин, аксар бо чунин ҳавас ба ин воситаи ахбор менигаранд. Аммо онҳо камтар фикр мекунанд, ки барои журналисти телевизион шудан қобилият, маҳорат, дониш ва ҷаҳонбинӣ ба кор меравад, на орзуву ҳаваси эҳсосӣ. Бо чунин ҳолати интихоб донишҷӯро ба омӯзиши мақсадноки асосҳои фундаменталии касби журналистӣ раҳнамун сохтан басо душвор аст”.
Яъне ин гуруҳи донишҷӯён, ки анқариб нисф зиёди талабгорони “курсии ояндаи журналистӣ” мебошанд, дар паси мизҳои донишҷӯйи факултету шуъбаҳои журналистика нишастаанд ва намедонанд оянда пас аз хатм дари кадом идора ё сохторро кӯбанд.

Дар дохил чӣ гап?
Мо зимни суҳбат бо роҳбарияти факултет ва шуъбаҳои журналистии донишгоҳҳои кишвар маълум кардем, ки дар дохил барои донишҷӯён аз ҷиҳати таҷҳизот ва муҳити дарсӣ ҳеҷ мушкилоте пеш намеояд, танҳо барои толибилмон кифоя аст, ки бо хоҳишу шавқу рағбат аз ин шароит истифода баранд. Аммо дар ин миён чанд мушкилоте дар омодакунии кадрҳои журналистӣ дар факултету шуъбаҳои журналистика ҷой доранд, ки онҳо монеаи ба талаботи замони нав ҷавобгӯ будани онҳо мегарданд. Устоди факултети журналистикаи ДМТ Қироншоҳ Шарифзода вобаста ба масъалаи ҷойдошта фикри худро чунин иброз доштанд: “Таваҷҷуҳ надодан ба стандарти давлатӣ яке аз мушкилоти асосии факултету шуъбаҳои журналистикаи кишвар мебошад. Зеро тибқи стандарти давлатии таҳсилоти журналистӣ бояд 50 фисади дарсҳои донишҷӯён тахассусӣ ё амалӣ сурат гиранд. Дар дарсҳои ихтисосии донишҷӯён онҳое ҷалб карда шаванд, ки таҷрибаи бойи амалии журналистӣ дошта бошанд. Ҷониби дигар ин аст, ки муносибати корфармои оянда бо корманди оянда аз давраи дар факулта таҳсил доштани донишҷӯ оғоз ёбад, на пас аз хатм. Яъне дар идораи нашрияҳои даврӣ, расонаҳои хабарӣ ва ширкатҳои телевизион ва радиоӣ қисми зиёди дарсҳои амалии донишҷӯён сурат гиранд ва масъулияти тарафайн бошад”.
Ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба барои ба даст овардани кадрҳои журналистӣ кори саҳл ва осон нест. Дар баробари ин, пас аз хатм дарёфти ҷойи кор низ барои журналистони ҷавон чанд мушкилиро пеш меорад. Аммо муҳим аз ҳама он аст, ки донишҷӯ аз замони таҳсил робитаи худро аз матбуот дур накунад ва пайваста пайгири навгониҳову дигаргуниҳои соҳаи худ бошад. Барои ба таври васеъ фарох кардани бинишу дарки донишҷӯёни факултету шуъбаҳои журналитика тарҷибаомузии амалӣ ва эҷодӣ басо муҳим аст. Дар ин ҳангом донишҷӯёни фаъол ва бомаҳорат бо осонӣ робатаи худро бо нашрияҳо, расонаҳо ва телевизиону радио барқарор карда, дар оянда соҳиби ҷойи кори муайян мешаванд.
Профессор Иброҳим Усмонов оид ба нақши таҷрибаомӯзӣ дар инкишофи касбияти донишҷӯён чунин андеша доранд: “Онҳое, ки нақши таҷрибаомӯзиро дар инкишофи зеҳнӣ ва амалии донишҷӯён рад карданиянд, иштибоҳ мекунанд. Зеро маҳз бо воситаи таҷрибаомӯзӣ донишҷӯён малакаи касбии худро инкишоф дода, аз чи гуна тайёр кардани маҳсули журналистӣ барои пахш дар ВАО огаҳ мешаванд. Онҳо дар зинаҳои аввали таҷрибаомӯзӣ оид ба кори матбуоти даврӣ тасаввурот пайдо намуда, пасон дар таҷрибаҳои минбаъда аз рафти кори радио ва телевизион огаҳӣ пайдо мекунанд. Аз ҳама асосӣ, донишҷӯ аз матбуот ва мутолиаи он набояд дур бошад. Танҳо ҳамон вақт донишҷӯ дар эҷод муваффақ гашта метавонад, ки сари вақт мутолиакунандаи маводҳои журналистони намоёни матбуот ва аз ҳама муҳим, аз чигуна эҷод кардани гузаштагони журналистикаи тоҷик, ба мисли Садриддин Айнӣ, Саидризо Ализода, Абулқосим Лоҳутӣ, Аббос Алиев, Отахон Латифӣ ва Воҳид Асрорӣ огаҳ бошад”.
Профессори тоҷик Иброҳим Усмонов ба он назаранд, ки имрӯз самти журналистика тамоман тағйир ёфтааст ва бояд кадромодакунӣ низ самти худро тағйир диҳад. Номбурда дар идомаи суҳбат чунин иброз дошт, ки “мушкилоти асосии журналистони ҷавони имрӯз он аст, ки факту воқеаҳоро ба ҳам пайваста наметавонанд, зеро нахондаанд. Масалан агар гӯед, ки Устод Айнӣ кист, онҳо чанд асари устодро номбар карда метавонанд, аммо нахондаанд. Вақте нахондаанд, аз асарҳои устод Айнӣ сабабқе набардоштаанд, пайравӣ ба устод кардаву навиштан низ наметавонанд”.
Вақте донишҷӯ хоҳиш ва рағбати навиштанро надорад, пас инҷо проблема на дар устодони факултаҳо, балки дар худи донишҷӯён аст. Зеро аксарияти эшон танҳо барои банд кардани курсии донишҷӯйӣ ба ин шуъбаҳо омадаанд.

Тасодуфиҳо. Айби ММТ ё донишгоҳ?
Гуруҳи донишҷӯёне имрӯз дар факултету шуъбаҳои рӯзноманигорӣ таҳсил карда истодаанд, ки ба гуфти эшон, ба инҷо “тасодуфӣ” афтидаанд. Мо дар суҳбат бо чанде аз ин қабил донишҷӯён муайян кардем, ки усули қабули довталабон ба муассисаҳои олӣ ва касбии кишвар сабаб гардидаасту онҳо ба инҷо омадаанд. Ҳоло ки ҳамаи донишҷӯёни донишгоҳҳои кишвар тариқи супоридани имтиҳонҳои марказонидаи тестии ММТ сурар мегирад, ба ҳар як довталаб имкон медиҳад, ки дар доираи як гуруҳи ихтисосҳо (кластер) 12 ихтисосро новобаста аз макони ҷойгиршавӣ, муассиса, шакл, намуд ва забони таҳсил интихоб кунад. Чор соли қабули донишҷӯён тариқи ММТ нишон дод, ки аксарият аз ин усули дохилшавӣ қаноатманданд, аммо қисме аз устодони муассисаҳои олии кишвар норозигӣ баён мекунанд. Яъне қисме аз онҳое, ки мехостанд дар дигар муассиса ва ихтисоси дигар таҳсил кунанд, бо иштибоҳи худ тасодуфан ба дигар муассиса мегузаранд. Дар баробари ин, ҳар сол аз тарафи ММТ пас аз тақсимоти даври асосии довталабон ба муассисаҳои олӣ ва касбии кишвар боз давраи дуюм ва ҳатто сеюм низ баргузор мегардад, ки барои онҳое имконият медиҳанд, ки аз тақсимоти даври аввал афтидаанд, аммо бали гирифтаи эшон ба дигар гуруҳи ихтисосҳо (кластер) расанда аст. Маҳз ҳамин тақсимот сабаб мегардад, ки аксари довталабон, ки дар дигар ҷой таҳсил кардан мехостанд, ба ҷойи дигар афтанд. Вобаста ба ин мушкилии тасодуф афтидани донишҷӯён дар шуъбаҳои журналистика дар суҳбат бо мо мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дотсент Самадова Дилбар чунин баён доштанд: “Имрӯз, мутаассифона дар қатори донишҷӯёни фаъоли шавқу рағбат ба журналистика дошта онҳое таҳсил мекунанд, ки тасодуфӣ ҳастанд. Ин проблема натанҳо имрӯз дар шуъбаи журналистикаи Донишгоҳи давлати Хуҷанд дида мешавад, балки қариб дар тамоми донишгоҳҳои омодакунандаи кадри рӯзноманигорӣ бевосита мушоҳида мешавад. Ин гуруҳи донишҷӯён аксарияташон пас аз курси якум ба дигар ихтисосҳои донишгоҳ интиқол мегиранд ва қисми дигарашон ба шуъбаи ғоибона мегузаранд”.
Дар ин хусус дар идомаи суҳбати мо мудири кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи далатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, номзади илмҳои филологӣ Махкамова Дилором дар тақвият ба гуфтаҳои дотсент Самадова Дилбар вобаста ба мушкилоти донишҷӯёни тасодуфӣ дар шуъбаи журналистикаи ДДБ чунин ибрози ақида карданд: “Роҳ додан ба тасодуфӣ афтидани донишҷӯён ба шуъбаҳои рӯзноманигорӣ — ин ҷой надоштани имтиҳонҳои эҷодӣ — маҳорат дар қатори имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии ММТ мебошад. Зеро дар гузашта ҷараёни қабул ба шуъбаҳои журналистӣ дар муассисаҳо таври тестӣ сурат намегириф ва довталаб маҳсули эҷод, маҳорати суханварӣ ва донишҳои назариявии худро доир ба касби худ пеш аз қабул нишон медод. Аммо имрӯз тариқи тестӣ сурат гирифтани қабули донишҷӯён ба муассисаҳо, хусусан факултет ва шуъбаҳои рӯзноманигорӣ боиси сарсонӣ ва тасодуфӣ афтидани гуруҳе аз толибилмон гардидааст, ки эшон ҷойи як журналисти ояндаро дар курсӣ банд карда менишинанд”.
Проблемаи ба миён гузоштаи мусоҳиби мо ҷой надоштани имтиҳонҳои эҷодӣ — маҳорат дар радифи дигар имтиҳонҳои асосӣ ва ихтисосии донишҷӯёни бахшҳои журналистика чизи нав нест. Зеро тайи чор соли охир, шуруъ аз дохилшавии довлталабон тариқи ММТ ба муассисаҳои олӣ ва касбӣ ин проблема ҷой дошт. Аммо ҷой надоштани имтиҳонҳои эҷодӣ — маҳорат дар ихтисосҳои соҳаи журналистика аз масъулияти ММТ берун аст. Чунончи мо вобаста ба масъалаи ҷой надоштани имтиҳонҳои эҷодӣ — маҳорат дар ихтисосҳои соҳаи рӯзноманигорӣ бо директори ММТ Хуршед Икромӣ зимни нишасти матбуотии ин ниҳод, ки соли ҷорӣ санаи 24-уми январ дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, суҳба доштем. “Мо ҳар сол аз тарафи рӯйхати ихтисосҳо ва нақшаи қабул шакл, макон ва забони таҳсилро аз муассисаҳои олӣ ва касбии ҷумҳурӣ мегирем. Дар ин радиф худи донишгоҳ муқаррар мекунад, ки кадом ихтисос дорои имтиҳонҳои эҷодӣ — маҳорат мебошад. Ҳатто макони имтиҳонҳои эҷодӣ — маҳорат дар ҳамон муассисаи олӣ ва касбӣ сурат мегирад ва натиҷаҳои онро низ худи масъулини имтиҳонгирандаи донишгоҳҳо муайян мекунанд. Аз ин сабаб ҷой надоштан ва ё ҷорӣ кардани имтиҳонҳои эҷодӣ — маҳорат барои ихтисосҳои соҳаи журналистика аз масъулияти мо берун аст”,- иброз дошт Х. Икромӣ зимни суҳбат.
Пас ҳоло фурсати он расидааст, ки роҳбарияти факултет ва шуъбаҳои донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ баҳри пешгирӣ аз ин тасодуфафтиҳо дар ихтисосҳои журналистӣ, ба роҳбарияти муассиса муроҷиат кунанд, то имтиҳонҳои эҷодӣ — маҳорат дар радифи дигар имтиҳонҳои соҳа ҷорӣ карда шавад ва барои гузаронидани он шароит дар муассиса фароҳам оранд.

Мушкилоти кадрӣ дар телевизион
Дар ваъияти ҷаҳони имрӯза нақши тележурналистон ҳалкунанда ва муҳим аст. Бинобар ин, таъсиси шабакаҳои телевизионии нав бо сифати пахши барномаҳои навтарин (HD) дар ҷумҳурӣ дар 2 соли охир хеле назарррас аст. Хусусан таъсиси телевизионҳои нав — ТВ “Варзиш”, ТВ “Синамо”, ТВ “Футбол” ва ТВ “Шаҳнавоз” бо пахши сифати HD ва пайваст ба моҳвора имкони ба вуҷуд омадани ҷойи корӣ барои тележурналистон гардид. Вобаста ба дар кадом шароит омода кардани журналистони телевизион дар суҳбат бо мо мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии ДМТ дотсент Сангин Гулов чунин иброз доштанд: “Ҳоло Донишноҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо студияҳои таълимии телевизион ва радио таҷҳизононида шудаанд, ки бевосита фаъолияташон ба омода кардани журналистони телевизион равона карда шудааст. Бо назардошти боз ҳам боло бурдани сатҳи касбияти журналистон, хусусан журналистони телевизион Академияи ВАО ҶТ таъсис дода шуд, ки баҳри ба талаботи муосир ҷавобгӯ кардани журналистони телевизион бозомӯзиҳо гузаронида мешавад. Бо вуҷуди ин, мо мушоҳида мекунем, ки сатҳи омодагии журналистони ҷавони донишгоҳро хатмкарда ба талаботи расонаҳо ҷавобгӯ нест. Аз ин хотир, донишҷӯёнро зарур аст, ки ҷиҳати амалияи омодагии касбияти худро дар расонаҳо гузаранд, то сатҳи дониш, омодагӣ ва маҳорату малакаашон ба талаботи рақобатпазирии бозори расонаҳо ҷавобгӯ бошад”.
Ҷавобгӯ набудан ба талаботи замон ва надоштани маҳорати тележурналистӣ барои журналистони ҷавон, ки барои эшон ҳама шароит барои соҳибтаҷриба гаштан муҳайёст, ба проблемаи кадрии шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон оварда расонидааст. Надоштани малакаи барандагӣ дар телевизион, маҳорати суханварӣ ва симои телевизионӣ мушкилоти журналистони ҷавон дар телевизионҳои ҷумҳурӣ гаштааст. Вобаста ба ин мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи телевизион журналист, муаллифи барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон”-и Телевизиони Тоҷикистон Фатҳиддин Замон чунин андеша дорад: “Имрӯз бахши зиёди донишҷӯёне, ки бо ихтисосҳои журналист-рӯзноманигор донишгоҳҳоро хатм карда, ба Телевизиони Тоҷикистон барои кор меоянд, ба талаботи телевизиони имрӯза ҷавобгӯ нестанд. Мо таҷриба кардем, вақте ки озмун мешавад, бисёриҳо дар Кумитаи телевизион ва радиои назди ҲҶТ ноком мешаванд. Шояд онҳо руҳафтода гарданд, ба ҳаққи онҳо ноадолатӣ сурат гирад, аммо омӯзишҳои равоншиносӣ ва ҷомеашиносонии журналистӣ ва коргузорӣ дар ин соҳа ба мо рӯшан месозад, ки шояд дар раванди дарси донишгоҳ чунин донишҷӯён кам ба таҷрибаҳои амалӣ рӯ овардаанд. Зеро таҷрибаи амалӣ аз назария бештар натиҷаовар аст ва бисёри кадрҳое, ки бо ихтисоси рӯзноманигор дар озмунҳои телевизион иштирок мекунанд, дар бораи садо, симо ва қалам дар оинаи телевизион кам огаҳӣ доранд. Телевизион, ки оина аст, бояд чеҳраҳо, садоҳо ва эфири телевизион барои бинандагон хуш пазируфта шуда, холӣ аз ягон нуқс бошад”.
Дар идомаи суҳбат журналист Фатҳиддин Замон таъкид ба таҳаввулоти ҷиддӣ дар жанрҳои журналистикаи телевизион мекунад ва пешниҳоди онро дорад, ки “ҳоло вақти он расидааст, бо иштироки журналистони муваффақ бо донишҷӯён ва мутахассисони оянда суҳбатҳо ва ҳамоишҳои илмии журналистӣ роҳандозӣ гардад, то толибилмон барои ояндаи худ таҳлили дуруст дошта бошанд ва худро дар ин пеша насӯзонанд, балки бисозанд”.
Албатта, эроди журналисти телевизион то ҳадде ҷой дорад. Зеро аксарияти эътирозгарони “курсиҳои барандагии студияҳои телевизион” ҳатто аз чӣ будани мафҳуми хабар, гузориш ва лавҳа огаҳӣ надоранд.

Пешниҳод ба ҷойи хулоса
Дар баробари норасоии кадрӣ дар телевизион имрӯз дар ҷумҳурӣ кадрҳои байналхалқӣ низ ангуштшуморанд. Ба ақидаи профессор Иброҳим Усмонов, “дар матбуот мо бояд шахсонеро тарбия намоем, ки дар минтақаҳои ҷудогонаи дунё таваҷҷуҳ карда, матлабҳои онҳоро донанд ва оид ба тағйироти дар он мамлакатҳо ба вуҷуд меомада яку якбора фикри худро гуфта тавонанд. Аммо, мутаассифона, ин гуна журналистон мо қариб ки надорем”.
Журналисти ҷаҳони нав, ки алангадиҳандаи “ҷанги иттилоотӣ” аст, зарур аст, ки боял донишҳои касбии байналхалқӣ дошта бошад. Дар хусуси ҳамадон будани рӯзноманигорон муҳаққиқи забоншинос Умед Ҷайҳонӣ чунин андеша дорад: “Журналист пеш аз ҳама бояд забондон бошад, ки корафзории рӯзноманигор маҳз забон аст. Дувум, пешаашро хуб аз худ кунад ва пешакор шавад. Журналист бояд ростгӯву ростнавис бошад ва ҳамчунин по ба пои пешравии фанновариҳои иттилоотӣ пеш биравад ва аз навтарин дастовардҳо баҳра бигирад”.
Норасоии журналистони варзишӣ, иқтисодӣ ва журналист-сиёсатшинос барои журналистикаи тоҷик ба проблемаи ҳалношуда табдил ёфтааст. Ба ин ҳолат гирифторшавии журналистикаи тоҷик шояд дар чор соли охир қабули онҳое, ки ба “курсии журналистии оянда” лоиқ нестанд, қабул кардан ва лоиқ донистан бошад. Аммо шояд пас аз ба роҳ мондани имтиҳонҳои эҷодӣ — маҳорат дар радифи дигар имтиҳонҳои соҳаи журналистика ин мушкилӣ ҳалли худро ёбад. Агар на, пас чи зарурат аст ҳамаи айбро ба сари устодон, донишгоҳ ва ММТ бор кардан? Пас, аз ин баъд гуфтаи Отто Бисмаркро низ дигар бояд нагуфт: «Ман метавонам аз 10 журналист 10 вазир созам, аммо аз 10 вазир 1 журналист сохтанам номумкин аст».

http://www.faraj.tj/index.php/tj/jomea/16593-zhurnalistoni-avoni-be-alam.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *