Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи бинои Академияи ВАО бахшида ба ифтихори 140-солагии устод Садриддин Айнӣ ҳамоши илмӣ баргузор гардид.
Дар конфронси илмӣ устодон, журналистон, муҳақиқони соҳаи журналистикаи тоҷик ва донишҷӯёни донишгоҳҳои кишвар иштирок доштанд. Дар конфронс устодон бо маърӯзаҳои илмии худ, аз ҷумла профессор Мурод Муродӣ дар мавзӯи “Нақши устод Айнӣ дар пешрафти матбуоти тоҷик”, Масрур Абдуллозода дар мавзӯи “Садриддин Айнӣ ва матбуоти тоҷик”, Сангин Гулов дар мавзӯи “Масъалаҳои давлатдории миллӣ дар эҷодиёти Айнӣ”, Қутбиддинов Бахтиёр дар мавӯи “Мактаби адабии устод Айнӣ”, Насриддин Охунзода таҳти мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар боло бурдани мақоми устод Айнӣ” ва Зиннатулло Исмоилзода дар мавзӯи “Айнӣ дар шинохти Асадулло Саъдуллоев” баромад карданд.
Мавзӯоти асосии матраҳшудаи ҳамоиши имлӣ ба эҷодиёту талошҳои устод Айнӣ баҳри ташаккул ва рушди забони тоҷикӣ, миллати тоҷик ва баланд бардоштани худшиносиву ҳувияти миллӣ бахшида шуд. Аз ҷумла, ба қавли устоди ДМТ Сангин Гулов дар маркази эҷодиёти устод Айнӣ мактабу маориф, матбуот ва забони миллат меистад, зеро пояҳои асосии пойдории ҳар як давлату миллат мазх ин се шохаи марказӣ ба ҳисоб меравад. Ба андешаи профессор Мурод Муродӣ устод Айнӣ дар замони худ барои офаридани фазои хонандагони матбуоти форсу тоҷик имкониятҳову талошҳои зиёдро ба сомон расонидаанд. Хусусан, барои обунашавӣ ва маҳви бесаводӣ дар аҳди Аморати Бухоро барои ҷавонон бисёр хондани газетаро тавсия медоданд.