Сармуҳаррири «Ҷавонони Тоҷикистон»: Истеъфоям ба кори илмӣ вобаста аст

Сармуҳаррири нашрияи Кумитаи ҷавонон ва варзиш — “Ҷавонони Тоҷикистон” Бахтовар Каримов овозаҳоро, ки гӯё “дар пайи баҳс бо раиси Кумита Аҳтам Абдуллозода пиромуни сиёсати эҷодии ҳафтанома” истеъфо додааст, рад кард.

Ӯ дар суҳбат бо Faraj.tj рӯзи 5 апрел гуфт: “Инҳо ҳама овоза ва «гапи занакҳои лаби об» ҳастанд. Касе, ки овозаҳоро паҳн кардааст, дурӯғ мегӯяд”.

— Ман дар мавзӯи “Жанрҳои журналистикаи радио, таҳаввулоти жанрӣ дар “Радиои Тоҷикистон” кори илмӣ дорам ва аз пушти он мешавам. Аз донишгоҳ талаб доранд, бояд онро тезтар ба охир расонам, — гуфт Каримов.

Ин дар ҳолест, ки бинобар хабарҳои паҳншуда, истеъфои сардабир пайи як баҳс бо раиси Кумитаи ҷавонон Аҳтам Абдуллозода, дар рӯзе сурат гирифтааст, ки «Ҷавонони Тоҷикистон” 88-солагии таъсисёбияшро таҷлил мекунад.

Каримов Бахтовар Абдураҳимович рӯзи 6-уми июли соли 2015 дар пайи тағйироти кадрии раёсати Васоити ахбори оммаи давлатӣ дар мувофиқаи президент Эмомалӣ Раҳмон сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” таъйин шудааст. Ӯ то ба «Ҷавонони Тоҷикистон» омаданаш сармуҳаррири радиои «Садои Душанбе» буд.

http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/16365-sarmu-arriri-avononi-to-ikiston-iste-foyam-ba-kori-ilm-vobasta-ast.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *