Роҳҳои таъмини бехатарии журналист дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз замони мавҷудияти худ ба як бахши муҳими сарчашмаи иттилоот барои журналистон табдил ёфтаанд. Шабакаҳои иҷтимоии “Одноклассники”, “Вконтакте” ва “Фейсбук” аз ҳама корбурдтарин шабакаҳо аз ҳисоби тоҷикон буда, ҳар лаҳза ахбори нав дар онҳо гузошта мешавад.

Дар расонаҳои Тоҷикистон ҳамарӯза мушоҳида мешавад, ки хабарнигорон бо истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ мавод омода карда ва пешкаши хонандагон қарор медиҳанд.
Ҷойи таъкид аст, ки шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз корбарҳои сохта (фейк), намояндаҳои гуруҳҳои гуногун буда (аз ҷумла гуруҳҳои экстремистӣ ва террористӣ), ҳадафмандона, ғаразнок фаъол ҳастанд. Дар ин сурат журналистон чӣ гуна бехатарии худро таъмин кунанд, то дар доми ин гуруҳҳо наафтанд?
Ҳуқуқшиносони ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” бар ин назаранд, ки тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 30-юми июли соли 2007 таҳти №301” ва 14-уми ноябри соли 2016 №1358 ба як қатор моддаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловагҳо ворид карда шуд, ки дар он ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани афроде гуфта мешавад, ки дар таркиби ҳаракатҳояш аломати ҷиноят “бо истифодаи шабакаи интернетӣ” мавҷуд бошад, алоқаманд аст, аз ҷумла ҷалб кардан барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта ё мусоидати дигар барои содир намудани онҳо (моддаи 179 (1), даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (м. 307), даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм (м. 307 (1)).
Бояд қайд намуд, ки аз талаботи меъёрҳои як қатор моддаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (179, 179(2), 179(3), 181, 182, 184, 184(1), 184(2), 184(3), 184(4), 185, 193, 194, 194(1), 194(2), 194(3), 194(4), 194(5), 310 ва 402) бармеояд, ки паҳн намудан дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ (поделиться) ва ё “лайк” дар Фейсбук, “класс” дар Одноклассники, “писандидан” дар Вконтакте, гузоштан эҳтимоли ҳамшарикӣ дар роҳҳои ғайриқонуниро мефаҳмонад ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани корбар аз эҳтимолият дур нест.
Нуктаҳои муҳими техникӣ барои истифодаи шабакаи иҷтимоӣ:

Қабл аз ҳама барои таъмини амнияти журналист ин риояи этикаи журналистӣ ҳангоми дарёфт ва истифодаи маълумот барои нашр мебошад.
Истифодаи сарчашмаҳои муътамад ва расмӣ.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз рамзҳои қавӣ (пароль) бо иловаи аломатҳо: (! # $ % ^ { } [ ] ( ) » : \ |), истифода кунед.
Ҳар чизе, ки пахш шуда бошад, ба содагӣ “лайк” ё “класс” намонед.
Дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” аксҳо гузошта мешавад, мисли: “Если любиш маму, нажми класс”, “Если любиш Аллаха, нажми класс”. Бояд қабл аз “класс” мондан дар Одноклассники ба корбари он “пост” таваҷҷуҳ кард. Ӯ кист ва чӣ гуна мавод дар саҳифааш мемонад.
Таҳти ҳар шароит аз линки “HTTPS” дошта истифода кунед.
Аз компютер, телефон, плашнетҳои дигарон шабакаи иҷтимоиро боз накунед. Ҳатман пас аз ҳар истифода “Log out” (выход) кунед.
“Линк”-ҳои машкукро боз накунед, мисли «Шумо барандаи … шудед».
Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук, ба гуруҳҳое, ки шомил ҳастед, бубинед: www.facebook.com/groups/, дар шабакаи “Одноклассники” https://ok.ru/номиОК/groups баъди мушоҳидаи гуруҳҳои машкук аз он хориҷ шавед.
Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бубинед ба кадом саҳифаҳо “лайк” мондаед:https://www.facebook.com/pages/?category=liked
Тамоми “ҳаракот”-и худатон дар шабакаи Фейсбукро бубинед:https://www.facebook.com/Нишонии аккаунтатон/allactivity
Саҳифаи фейсбукии худро танзим кунед: Настройки- Конфиденциальность:

Дар саҳифаи худ имкони мавод гузоштан аз тарафи дигаронро маҳдуд кунед:

Настройки- Хроника и метки:

Тибқи танзимоти дар акси боло буда метавонед саҳифаи худатонро барои пахши маълумот аз ҷониби “дӯстон”-и фейсбукиатон маҳдуд созед.
Пеш аз ҳама чанд саволро барои пазируфтан ба “дӯстӣ” дар шабакаи иҷтимоӣ ба худатон бидиҳед:
• Оё аккаунт воқеӣ аст? Фейк нест?
• Дар саҳифааш чӣ маълумот дорад?
• Чанд муддат ӯ дар шабакааш маълумот мегузорад?
• Аз чӣ сарчашмаҳо дар шабакааш истифода мекунад?
• Кай аккаунт сохта шудааст?
• Чӣ таърихро дорад?
• Исми корбарро дар шабакаҳои ҷусторӣ пайдо кунед, баъд ба дӯстӣ бипазиред.
Журналистонро мебояд аз маводе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошта мешавад, нусхабардорӣ ва акс бигиранд, то дар сурати иловаи тағйирот ва пок шудан ҳамчун далел дар дасти худ дошта бошанд.

http://faraj.tj/index.php/tj/amniyat/16347-ro-oi-ta-mini-bekhatarii-zhurnalist-dar-shabaka-oi-i-timo.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *