“Радиои Озодӣ” аз ҶДММ “Лото спорт” пӯзиш мехоҳад?

Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон дар сомонаи расмияш ба раҳбарияти намояндагии “Радиои Озодӣ” дар Тоҷикистон тавсия додааст, “дар сурати пешниҳод карда натавонистани далели он ки Ғафуров А. корманди ҶДММ “Лото спорт” аст, раддия нашр намояд ва аз ин ширкат маъзарат бихоҳад”.

Баҳс миёни “Радиои Озодӣ” ва ширкати “Лото спорт” пас аз пахши гузориши хабарнигори минтақавии Кӯлоб Маҳмудҷон Раҳматзода аз ноҳияи Фархор зери унвони “Ҷасади як корманди “Лото спорт”-ро аз оғил пайдо карданд”, сар задааст.

Роҳбари ҶДММ “Лото спорт” Орагвелидзе И.С. рӯзи 12-уми март ба унвони ТҶ “Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон” аризаи шикоятӣ пешниҳод карда, дархост намудааст, ки матлаби хабарнигор Маҳмудҷон Раҳматзода мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор дода шавад.

Муроҷиатгар дар аризаи шикоятиаш ба унвони “Шӯрои ВАО” қайд кардааст, “Хабарнигор дар матлабаш маълумоти нодурустро истифода бурда, гуфтааст, ки “Абдумалик Ғафуров то лаҳзаҳои маргаш дар ширкати “Лото спорт” дар маркази ин ноҳия (Фархор) кор мекард”. Дар матлаби худ хабарнигор дар ҷумлаи “Яке аз саволҳое, ки ба он бояд тафтишот посух диҳад, ин аст, ки то куҷо куштор ба кори Ғафуров дар қиморхонаи “Лото спорт” рабт мегирад?”, ибораи “қиморхонаи Лото спорт”-ро истифода бурда, бо ин маълумот эътибори кории ширкатро паст задааст».

“Роҳбарияти ширкати “Лото спорт” барои собит кардани даъвои пешоварда дар банди 1, дар баробари ариза ба “Шӯрои ВАО” ҳамчун далел маълумотномаеро таҳти №37-18 аз 12.03.2018 замима кардааст, ки дар он нишон дода мешавад, шаҳрванд Ғафуров Абдумалик дар ҶДММ “Лото спорт” кор накардааст ва ҳамчунин, ба қайд низ гирифта нашудааст. Ҳамчунин, дар ин маълумотнома гуфта мешавад, ки дар тӯли фаъолияти 13-сола ширкати “Лото-спорт” ягон фурӯшанда бо номи Ғафуров Абдумалик надоштааст.

Аъзои Раёсати Шӯро масъаларо дар ду ҷаласаи кории худ баррасӣ кард ва дар матлаби хабарнигори Шумо вайрон гардидани талаботи “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”-ро ошкор намуд. Хабарнигор маълумоти аз як манбаъ ба дастовардаи худро носанҷида ба нашр додааст, ки ин хилофи банду 2-юми “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” — “Сареҳияти ахбор” мебошад. Ҳамчунин, хабарнигор барои таъмини тавозуни назар, ки ҳамин банди 2-и Меъёрҳо талаб мекунад, нуқтаи назари расмии ширкати “Лото спорт”-ро дар бораи корманди ин ширкат будан ё набудани Ғафуров А. нагирифтааст.

Ҳамчунин ҶДММ “Лото спорт” расман номнавис шуда, як ширкати расмӣ мебошад. Бинобар ин ҳангоми зикр кардани ширкат дар матни ин ё он матлаб бояд номи расмии он истифода шавад. Яъне, истифодаи таъбири “қиморхона” дар матлаб ва рабт додани он ба “Лото спорт” ғалат ва бемавқеъ аст. Хусусан ҷумлаи “ … то куҷо куштор ба кори Ғафуров дар қиморхонаи “Лото спорт” …” ақидаи шахсии рӯзноманигор мебошад ва дар асл кушта шудани Ғафуров ба фаъолияти ӯ дар “Лото спорт” бастагӣ дорад ё не, комилан маълум нест. Дар ин маврид талаботи банди 4-уми Меъёрҳо — “Ақида, далел ва гумону тахмин” халалдор шудааст.

Бар асосии баррасӣ ва арзёбиҳои ҷаласаҳо Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ба хабарнигор ва масъулини “Радиои Озодӣ” тавсия медиҳад, ки: Дар сурати пешниҳод карда натавонистани далел, ки Ғафуров А. корманди ҶДММ “Лото спорт” аст, раддия нашр намояд ва аз ин ширкат маъзарат бихоҳад; Минбаъд далелу маълумоти дастраскардаро санҷида, ба нашр расонад ва барои риоя кардани талаботи “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” талош намоянд; Рӯзноманигорон ва кормандони идораҳои воситаҳои ахбори омма ҳангоми интишори иттилоот ба хотири эҳтироми суннатҳои касбӣ, риояи бемайлони «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро ҳамеша мадди назар дошта бошанд»,-омадааст дар тавсияи Раёсати «Шӯрои ВАО» ба «Радиои Озодӣ».

Дар ҳамин ҳол, хабарнигори «Радиои Озодӣ» Маҳмуд ҷон Раҳматзода, ки матлаб ба қалами ӯ рабт дорад, дар як суҳбати катбӣ гуфт, ӯ калимаи «қиморхона»-ро дар гузоришаш истифода накардаааст, вале агар истифода ҳам мекард ин чизеро тағйир намедод, зеро «қиморхона»-ву «лото спорт» дар луғат ба як маъниянд ва синоними якдигаранд.

Номбурда ҳарфҳои роҳбарияти Ширкати «Лото спорт»-ро, дар мавриди он ки бо чунин ному насаб онҳо ҳеҷ гоҳ коргар надоштаанд, беасос медонад ва гуфт, барои исботи навиштаҳояш сабти суҳбати зану домоди марҳум Абдумалик Ғафуровро бо худ дорад. Наздикони марҳум дар суҳбат тасдиқ кардаанд, ки то лаҳзаи охири ҳаёт Абдумалик Ғафуров дар ширкати “Лото спорт” кор мекардааст.

Раҳматзода бо изҳори нигаронӣ ва норизоят аз “Шӯрои ВАО” мегӯяд, бо вуҷуди пешниҳоди сабтҳои тасдиқкунандаи коргари ширкати “Лото спорт” будани Ғафуров раёсати “Шӯрои ВАО” онро ба инобат нагирифтаанд.

Ӯ мегӯяд, ҳатто сабти таҳдидҳои намояндагони “Лото спорт”-ро нисбаташ ба “Шӯрои ВАО” ирсол доштааст, аммо раёсат ба он таваҷҷуҳ зоҳир накарданд.

http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/16329-radioi-ozod-az-dmm-loto-sport-p-zish-mekho-ad.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *