“Майлаш, ҷонам, мегабайти ман тамом шуд. Ҳоло мегабайт харам, баъд гап мезанем”. Ин ҷумлаест, ки Ҷамшед Орифови 21-сола пайваста аз забони дӯстдухтараш аз Тоҷикистон мешунавад.
Ҷамшед дар риштаи бонкдории яке аз донишгоҳҳои Урумчии Чин таҳсил мекунад. Мегӯяд, ки дар онҷо мушкили мегабайт вуҷуд надорад ва аз Интернет бебаркаш истифода мекунад. Имконияте, ки дӯстдухтараш аз он дар Тоҷикистон маҳрум аст. “Ҳар боре, ки аз тариқи видео ба номзадам дар тамос мешавам, зангро қатъ мекунад. Менависад, ки мегабайти кам дорад, беҳтараш садоӣ суҳбат кунем. Илоҷи дигар надорам. Ҳамдарсонам мегӯянд, ки наход дар Тоҷикистон ҳоло ҳам мегайбатро ҳисоб кунанд?” – гуфт Ҷамшед Орифов.
Дӯстдухтари Ҷамшед ҳар моҳ бо қимати 33 сомонӣ як гигабайт Интернет мехарад. Қисми аслиро барои сӯҳбат бо Ҷамшед ҳифз ва қисмеро барои зангҳои бисёр зарур истифода мекунад.
Назари сокинони Душанбе ба нарху суръати Интернет:
“Интернет – танҳо барои корҳои муҳим”
Ҷамшед Орифов танҳо касе нест, ки аз нархи гарон ва суръати пасти Интернету гуфтугӯи нотамом бо азизон дар Тоҷикистон нороҳат аст. Амин Нусратов, мусоҳиби дигари мо ҳам аз ҷумлаи он нафаронест, ки мегӯяд, Интернетро дар Тоҷикистон танҳо барои корҳои муҳим истифода мебарад.
“Вақте нархи Интернет гарон асту суръаташ суст, албатта, боэҳтиёт сарф мекунем. Вақте барои ягон хабар хондан ба сайтҳо ворид мешавем, баъди боз шудани сомона Интернетро хомӯш мекунем, то зиёд сарф нашавад. Мисли ҳамон ронандае, ки нақлиётро вақти ҳаракат як муддат “холостой” мекунад, то сӯзишворӣ сарфа шавад”, — гуфт ӯ.
“Талоши мақомот барои ворид кардани Интернети арзон”
Мақомоти тоҷик ҳам эътироф мекунанд, қимати интернет дар баробари маоши каме, ки мардум ба даст меорад, гарон аст. Масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ниҳоди назораткунандаи соҳа дар кишвар, гаронии арзиши Интернетро ба дурии роҳ ва хароҷоти зиёди хадамот марбут мекунанд.
Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқа, рӯзи 25-уми январ дар ҳузури хабарнигорон гуфт, мақомот барои ворид кардани Интернети арзон бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла, Узбакистону Чин ва Афғонстон вориди гуфтугӯ шудаанд.
“Вақте Интернетро мебандем, гӯё роҳи нафасро баста бошем”
Коршиносони соҳаи интернет дар Тоҷикистон мегӯянд, гарон будани Интернет ва дастрасии зиёд надоштани аҳолӣ ба он, ба рушди як инсони асри 21 таъсир мерасонад. Рустам Гулов, муассиси вебсайти “Блогистон” мегӯяд, вақте роҳи аҳолӣ бахусус ҷавонон ба Интернет маҳдуд аст, “гӯё роҳи нафаси онҳоро мебандем.”
Видео. Мақомот: «Интернет он қадар гарон нест»
Рустам Гулов мегӯяд, дар чанд соли оянда таъсири Интернет рӯйи иқтисоди Тоҷикистон ҳам зиёд хоҳад буд. “Ҳар вақт дастрасии аҳолӣ бахусус ҷавонон ба Интернет маҳдуд шуд, иқтисодиёти мо аз иқтисодиёти он кишварҳое, ки аҳолиаш дастрасии зиёдтар ба ҷаҳони виртуалӣ доранд, заифтар хоҳад буд”, — хулоса кард ӯ.
Ҳоло дар Тоҷикистон 4 ширкати мобилӣ – «Бабилон», «Мегафон», «Тселл», «Билайн» муштариёнро бо интернети бесим ва 7 ширкати дигар тавассути cим сокинонро бо интернет таъмин мекунанд.