Аз боздошти роҳбари КВН Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидов як моҳ сипарӣ шуд. Айни замон ӯ дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд қарор дорад. Ҳабибулло Мирсаидов, падари Хайрулло Мирсаидов изҳор мекунад, ки аз змони боздошт бо писараш танҳо як маротиба вохӯрдааст. 14:23 28 декабр, 2017 Падари Мирсаидов: «Писарам худро гунаҳкор намешуморад» Ӯ ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки тафтишоти парванда нисбати писараш айни замон идома дошта, «ин моҳ ба ман танҳо як маротиба иҷозат доданд, ки бо писарам дидорбинӣ кунам». 11:13 14 декабр, 2017 Манбаъ: изҳороти Мирсадов доир ба пора ба муқобили худаш нигаронида шуд Ба гуфтаи ӯ, адвокати писараш тез-тез бо ӯ вохӯрда, писараш чун пешин гуноҳашро эътироф намекунад ва тафтишоти мунсифонаро интизор аст. Ёдрас мекунем, ки Хайрулло Мирсаидов санаи 5 декабр аз ҷониби прокуратураи вилояти Суғд боздошт ва санаи 8 декабр нисбати ӯ бо чор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ — «азхудкунӣ ва сарфи маблағҳо», «барангехтани адовати милливу нажодӣ ва динӣ», «тақаллуби санадҳо» ва «дидаву дониста додани иттилои бардурӯғ» парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Корбарони мессенҷери бештар писандида дар ҷумҳурӣ — Viber акнун дигар зангҳои аудио (овозӣ) ё зангҳои видеоӣ анҷом дода наметавонанд. Тариқи Viber акнун маълумотро метавон танҳо бо матн фиристод.

Айни замон қариб дар ҳамаи ширкатҳои операторони мобилӣ ва фароҳамсози интернет (провайдерон) ирсоли зангҳои овозӣ ё видеоӣ тариқи Viber ғайриимкон аст. Манбаъҳои «Азия-Плюс» дар якчанд ширкатҳои операторони мобилӣ, ҳамчунин корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ ин хабарро тасдиқ мекунанд. Зангҳои аудио ва видео тариқи Viber танҳо тавассути анонимайзерҳо, аз ҷумла замимаҳои бепули VPN имкон дорад, ки онро метавон баргирифта (скачать) ба телефон ва компютерҳо насб кардан зарур мебошад.

Тавре ба «Азия-Плюс» чанде аз манбаъҳо дар ширкатҳои операторони мобилӣ хабар доданд, қисман маҳдуд шудани истифодаи Viber аз ҷониби оператори миллии «Тоҷиктелеком» сурат гирифтааст, ки айни замон қариб ҳамаи провайдерон аз ин ширкат интернети магистралӣ мегиранд. «Моро ҳанӯз чанд моҳ пеш вазифадор карда буданд, ки аз «Тоҷиктелеком» интернет гирем. Мо интихоби дигаре надоштем», — гуфт яке аз манбаъҳо.

Айни замон барномаи Viber мессенҷери писандидатарин дар Тоҷикистон шуморида мешавад. Зангҳои аудиои дигар мессенҷерҳо, аз ҷумла IOM, Telegram ва WhatsApp алҳол дастрас мебошанд.

https://news.tj/tj/news/tajikistan/society/20180105/isman-madud-shudani-istifodai-barnomai-viber-dar-toikiston

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *