Шаҳло Акобирова раиси тозаинтихоби Шӯрои ВАО

Шаҳло Акобирова, раиси тозаинтихоби Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон, гуфтааст, ки тарафдори ҳарчи бештари озодии расонаҳо дар кишвар аст. Ӯ гуфт, “ин далел собит шудааст, ки як зина поин рафтани мизони озодии баён ба 5 дарсад боло рафтани фасод баробар аст”. Акобирова рӯзи 2-юми декабр раҳбари нави Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон интихоб шуд ва дар ин мақом Хуршеди Атовуллоро иваз кард. Хуршеди Атовулло тайи ду соли ахир раҳбарии ин созмонро бар дӯш дошт.

Шӯрои ВАО як созмони мустақили журналистист, ки соли 2009 ташкил шуда, дар баробари ҳимоят аз ҳаққи хабарнигорон муҳтавои матолиби нашрияҳоро аз нигоҳи мутобиқаташон ба Кодекси ахлоқи журналистӣ низ пайгирӣ мекунад. Дар гузашта ба ин созмон Зиннатуллоҳи Исмоил, Қироншоҳ Шарифзода ва Нуриддин Қаршибоев низ раҳбарӣ кардаанд.

http://tajikistantimes.tj/tajikistan/sha-lo-akobirova-raisi-tozaintihobi-sh-roi-vao/

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *