Қарор аст рӯзи панҷшанбеи 12-уми октябр дар шаҳри Душанбе 9-умин музокироти сатҳи баланди мақомоти Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон дар масоили ҳуқуқи башар, баргузор шавад. Интизор меравад барои ширкат дар ин ҷаласа аз Брюссел Питер Буриан, намояндаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо барои Осиёи Марказӣ ва Тайво Клаар, раиси бахши Осиёи Марказӣ дар департаменти умури хориҷӣ, ташриф биёранд.
Дар ин бора ба Радиои Озодӣ дар қароргоҳи Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел, хабар доданд. Намояндаи идораи Ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон рӯзи 10-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо барои гуфтугӯ оид ба ҳуқуқи башар, даъват шудаанд.
Дар остонаи ин нишаст созмони байналмилалии мудофеи ҳуқуқи инсон Human Rights Watch аз Иттиҳодияи Аврупо хост, ки ба Тоҷикистон фишор оваранд, то дар ин кишвар саркӯбҳои сиёсӣ хотима ёбанд. Охирин музокироти миёни Аврупову Тоҷикистон дар масоили ҳуқуқи башар июни соли 2016 баргузор шуда буд.
Рӯзи 10-уми октябр Стив Свердлов, муҳаққиқи масоили Осиёи Марказӣ дар ин созмон бо пахши изҳороте гуфт, ки музокироти охирини ду ҷониб дар марҳилае барпо шуд, ки Тоҷикистон дар таърихи навини худ давраи шадидтарини саркӯбҳои ҳуқуқи башарро пушти сар мекард.
Human Rights Watch мегӯяд, шаш рӯз пеш аз музокироти ҳуқуқи башари Тоҷикистону ИА дар Душанбе, додгоҳ дар Тоҷикистон раҳбарони ҲНИТ-ро ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард. Ин ҳизб сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ ва террористӣ эълон шуд, вале худи аъзо ва раҳбарияти ҳизб ҳеҷ гоҳ бо иттиҳомоти зидди худ ва ҳизбашон розӣ набуданд.
Стив Свердлов дар гузориши худ инчунин аз сарнавишти вакилони дифоъ Шӯҳрат Қудратов, Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов изҳори нигаронӣ кардааст, ки ба навиштаи ӯ, бо ҳукмҳои ноодилона маҳкум ба зиндон шудаанд. Ин созмон мегӯяд, ки аз тарси фишору саркӯбҳо бисёре аз фаъолони сиёсӣ ва ҷамъиятӣ аз Тоҷикистон фирор кардаанд.
Human Rights Watch аз мақомоти Иттиҳодияи Аврупо ва дигар аъзои ҷомеаи байналмилалӣ хостааст, ки фишорро болои Тоҷикистон дар заминаи ислоҳи вазъи ҳуқуқи башар афзоиш диҳанд, чун, ба қавли ин созмон, “нороҳатии ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла ИА дар ин замина, ба сахтӣ шунида мешавад”. Фаъолони ҳуқуқ аз Аврупо хостаанд, ки аз Тоҷикистон посух ва иқдоми қотеъро дар заминаи мурооти қонун ва ҳуқуқи башар тақозо кунанд, то ин ҳама даъватҳо натиҷа диҳад.
Дар робита бо интиқод ва нигарониҳои марбут ба афзиши ҳодисаҳои поймолшавии ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон мақомот ҳамеша гуфтаанд, ки мувофиқ бо меъёрҳои қонун амал карда, дар зиндонҳои кишвар ҳеҷ нафаре бо иттиҳомоти сиёсӣ маҳкум нашудааст.
Суҳайлӣ Қодиров, намояндаи Идораи ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар мавриди 150 фаъолони сиёсие, ки ба иддаои созмонҳои ҳуқуқи башари хориҷӣ гӯё дар маҳбас қарор доранд ва маҳбуси сиёсӣ ҳастанд, гуфт, “ин афроде, ки аз онҳо маҳбуси сиёсӣ ном бурда мешавад, онҳо сиёсӣ нестанд ва бар асоси ҷиноятҳое, ки содир кардаанд, тибқи қонунгузориҳои Тоҷикистон ба солҳои мухталиф маҳкум ба зиндон шудаанд». Суҳайлӣ Қодиров хабарҳо дар хусуси шиканҷа шудани вакилони мудофеъ Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов ва Шуҳрат Қудратовро низ рад кард ва онро беасос донист.
«Мо намедонем дар музокираи соли гузашта кадом масъалаҳо баррасӣ шудаанд ва мақомоти давлатӣ кадом проблемаҳои мавҷуди ҳуқуқи башарро ҳаллу фасл карданд. Агар намояндаҳои Иттиҳодияи Аврупо оид ба масъалаи ҳуқуқи башар дар ибтидо бо созмонҳои ҳуқуқи башари маҳаллӣ мулоқот мекарданд ва пешниҳодои онҳоро ба эътибор мегирифтанд ва баъдан бо мақомоти давлатӣ музокира менамуданд, натиҷаи беҳтар медод»,-афзуд ҷаноби Зоиров.
Дар ҳамин ҳол, Маҳбуба Абдуллоева, намояндаи Дафтари матбуоти Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон гуфт, ки дар ин музокира танҳо намояндагони мақомоти ҳукумати Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.
https://www.ozodi.org/a/european-union-and-tajikistan-talk/28784345.html