Дар Тоҷикистон шабакаи нави телевизионӣ фаъол хоҳад шуд. Ба иттилои манобеи “Озодагон” ин шабака “Телевизиони мусиқии Тоҷикистон” ном гирифта, қарор аст аст, фардо, 5 октябр ба эфир барояд.
Ба иттилои манбаъ, дар оғоз ин шабака ҳамчун як идора дар назди телевизиони “Тоҷикистон” ба кор оғоз намуда, онро сармуҳаррир идора мекунад: “Ин шабака 24 соат мусиқӣ ва барномаҳои вобаста ба он намоиш медиҳад”.
Ҳоло дар Тоҷикистон шаш шабакаи телевизионии давлатӣ – “Тоҷикистон”, “Сафина”, “Ҷаҳоннамо”, “Баҳористон”, “Синамо” ва “Варзиш” фаъоланд.