Озмун дар мавзӯи инъикоси масъалаҳои тамокукашӣ дар васоити ахбори омма

Ассотсиатсияи миллии васоити ахбори оммаи Тоҷикистон (АМВАОМТ) оид ба инъикоси масъалаҳои тамокукашӣ дар васоити ахбори оммаи кишвар озмун эълон менамояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти қабули қонун «Дар бораи маҳдудкунии истифодаи маҳсулоти тамоку» дар таҳрири нав иқдомҳо анҷом дода истодааст. Санаи 23 июни соли 2017 дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкур мавриди муҳокима қарор гирифта,  барои баррасии минбаъда ва қабули он ба парлумони кишвар фиристода шуд ва мутобиқи таҳрири нави ин қонун дар соли 2017 барои истифодаи тамоку дар муассисаҳои хӯроки умумӣ, дар иншоотҳо ва ҳудуди муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, динӣ, илмӣ ва таълимӣ, дар истироҳатгоҳо ва биноҳое, ки  чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ-равшаннамо гузаронида мешаванд, маҳдудият ҷорӣ карда мешавад. Ин тағйирот ба ҳар як шаҳрванди кишвар дахл дошта, он сатҳи фаъол ва ғайрифаъоли сигоркашӣ ва бемориҳои бо он вобаста, коҳиш додани заминаи иҷтимоии тамокукашӣ ва ҳифзи кӯдак аз оғози сигоркашӣ мусоидат менамояд. Бо назардошти ин, АМВАОМТ бо дастгирии шарикони худ дар байни журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтарин мавод оид ба фарогирии масоили мушкилоти сигоркашӣ дар Тоҷикистон озмун эълон менамояд.

Мақсади озмун: мусоидат намудан барои инъикоси амиқ ва ҳамаҷонибаи таъсири сигоркашӣ ба ҷанбаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҳайти ҷомеа ва чораҳои самараноки мубориза бо он дар ВАО. Диққати асосӣ ба лоиҳаҳои журналистие дода мешавад, ки баинъикоси меъёрҳои таҳрири нави Қонун «Дар бораи маҳдудкунии истифодаи маҳсулоти тамоку дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида шудаанд.

Ба ҳайати комиссияи озмунӣ коршиносони соҳаи ВАО ва мутахассисони Тоҷикистон шомил мешаванд.

Меъёрҳои арзёбии маводҳо:

  • ҳаққоният;
  • тавозуни назарҳо;
  • беғаразӣ;
  • иттилои нав;
  • муҳимият.

Ғолибони озмун бо дипломҳо ва мукофотҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Шартҳои озмун:

  • Лоиҳаҳо (мавод)-и рӯзноманигорие баррасӣ карда мешаванд, ки мавзӯъро тариқи тасвири саргузашти шахсони алоҳида, тағйирёбии ҳаёти оилаҳо, саргузашти маризон, ки бемориҳои бо тамокукашӣ алоқамандандро аз сар гузаронидаанд, мекушоянд.
  • Лоиҳаҳое, ки ба ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва роҳҳои дасткашӣ аз тамокукашӣ равона шудаанд, дар доираи ин барнома дастгирӣ намешаванд.

Дар озмун рўзноманигороне, ки дар воситаҳои ахбори омма кор мекунанд, метавонанд ширкат варзанд.

Мавзӯи маводҳо бояд мушкилоти муҳимми иҷтимоӣ,  ҳодисаҳо ва равандҳоеро, ки барои мубориза бар зидди тамокукашӣ дар Тоҷикистон заруранд, инъикос намояд.

Афзалият ба лоиҳаҳои журналистӣ дар самтҳои зерин дода мешавад:

  • Филми ҳуҷҷатӣ
  • Барномаи телевизионӣ
  • Лоиҳа дар ВАО
  • Лоиҳа дар нашрияи электронӣ
  • Лоиҳа дар радио
  • Тадқиқоти журналистӣ

 Маводҳо метавонанд бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ бошанд.

 Барои иштирок дар озмун Дархостро бо маълумоти зерин бояд ирсол намуд:

  1. Ному насаби рӯзноманигор ё гурӯҳи рӯзноманигорон;
  2. Номи васоити ахбори омма, номи роҳбар;
  3. Суроғаи ҳуқуқӣ, вебсайт, телефон, почтаи электронӣ;
  4. Шарҳи кори дар пеш буда
  5. Нусхаи электронӣ (.pdf, .jpg) ё истинод ба маводи қаблан чопшуда/дар эфир пахшшуда бо тасдиқи таърихи нашр/пахш (маълумотномаи эфирӣ).

Маводҳо ба озмун бояд дар давраи аз 1-уми сентябр то 29 декабри соли 2017 дар васоити ахбори оммаи Тоҷикистон нашр шаванд.

Дархостро барои иштирок дар озмун бояд на дертар аз соати 17.00  25-уми августи соли 2017 ба Нуриддин Қаршибоев + 992 93-504-30-13, knuriddin@yandex.ru фиристод.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *