Таъсиси хазинаи вижа барои ҳимояти ҳуқуқӣ аз журналистон дар Тоҷикистон

Бо мусоидати молии Иститути “Ҷамъияти кушода”-и Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, тарҳи нави «Ёрии ҳуқуқӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма (ВАО)» роҳандозӣ шудааст.

Шоира Давлатова, раҳбари созмони ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» ва масъули иҷрои ин тарҳ рӯзи ҷумъаи 11-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи аслӣ аз роҳандозии ин тарҳ, расондани ёрии ҳуқуқӣ ба намояндагони Васоити ахбори омма мебошад. Акнун барои ҳимояи ҳуқуқии журналистон дар кишвар, хазинаи вижае таъсис шудаааст.

Вай гуфт, қаблан ҳолатҳои ба додгоҳ кашида шудани журналист ба ҳангоми иҷрои вазифаи касбӣ зиёд буданд, вале барои ҳимояи ҳуқуқии онҳо дар созмонҳои журналистӣ ё ниҳодҳои хайрияи ӣайналмилалӣ, хазина ё сармояи зарурӣ вуҷуд надошт. Ҳоло дар доираи ин тарҳи нав, чунин имконият фароҳам шуда ва дар сурати боздошт ва боз шудани парванда алайҳи журналист, барои ӯ ба таври ройгон вакили мудофеъ ё адвокат хизмат мерасонад.

Шоира Давлатова афзуд, агар журналист зиндонӣ шуда бошад, хешу табораш метавонанд аз ҷониби тарҳи “Ёрии ҳуқуқӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма(ВАО)” кумаки ҳуқуқӣ дарёфт кунанд. Ба гуфтаи Шоира Давлатова, муддати иҷрои тарҳи “Ёрии ҳуқуқӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма(ВАО)” як сол буда ва дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Дар солҳои ахир чанд парванда алайҳи журналистон ва нашрияҳои мустақил боз шуд, ки қазияи рӯзноманигори тоҷик Муҳаммадюсуф Исмоилов аз ҷумлаи парвандаҳои пурсадо дар ин замина маҳсуб мешавад. Муҳаммадюсуф Исмоилов тобистони соли 2013 аз ҷониби пулиси ноҳияи Ашт бо иттиҳоми “тамаъҷӯӣ” боздошт шуда буд. Тафтишот гуфт, ки ин журналист ба як хонуме таҳдид кардааст, ки агар ҳаққи хомӯшии ӯро напардозад, гӯё кадом маълумоти маҳрамонаеро дар борааш фош мекунад.

Мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, ки Маҳмадюсуф Исмоилов ҳангоми гирифтани 400 сомонӣ пул боздошт шуд. Додгоҳи сайёри ноҳияи Мастчоҳ Исмоиловро ба 11 соли зиндон маҳкум кард ва созмонҳои ҳомии озодии матбуот як ҳукми беҳад сангин барои «тамаъҷӯӣ» ба маблағиҳамагӣ 400 сомонӣ унвонаш карда буданд.

https://www.ozodi.org/a/open-society-institute-establishes-foundation-help-journalists-/28670790.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *