Дар нашрияи «Тирози ҷаҳон», ки муддате Фарзона Алиева сармуҳарририашро бар ӯҳда дошт, тағйироти кадрӣ ба вуҷуд омадааст.
Журналисти собиқадор Муҳайё Воситзода, ки пештар роҳбарии ин нашрияро ба ӯҳда дошт, ба вазифаи пешинааш баргашт. Сабаби барканории Фарзона Алиева то ҳанӯз расман шарҳ дода нашудааст. «Тирози ҷаҳон» нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии шаҳри Хуҷанд аст, ки бо теъдоди 2500 нусха чоп мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Муҳайё Воситзода баъди барканорӣ аз «Тирози ҷаҳон» сармуҳарририи нашрияи хусусии «Саломат бошед»-ро, ки бунёдгузораш журналисти варзида Додохон Эгамзод аст, бар ӯҳда дошт.
http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/14589-tirozi-a-on-bozgashti-mu-ajjo-vositzoda.html