Хадамоти алоқа: Ҳеч сомонаро бастан намехоҳем

2-юми август дар толори маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ оид ба фаъолияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 6 моҳи аввали соли 2017 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Муовини аввали раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Атоев зикр кардд, ки вазифаи асосӣ баланд бардоштани сатҳи хизматрасони интернет дар қаламрави Тоҷикистон мебошад. «Мақсади асосии мо пеш аз ҳама бехатарии ширкатҳои таъминкунандаи интернет аст. Мо ҷонибдори таъсиси сомонаҳои нав ҳастем ва барои бастан, ё қатъ гардонидани фаъолияти ин ё он сомона кӯшиш намекунем», — афзуд ӯ.

Сардори Раёсати танзими алоқа Дадоматов Ҷонибек зикр намуд, ки  бинобар сабаби ба қайдгири симкортҳо дар соли ҷорӣ миқдори умумии муштариёни интернет бетағйир мондааст.

Бояд қайд кард, ки шумораи истифодабарандагони интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва маҳаллӣ 2,3 млн. нафар муштариро дар бар гирифтааст. Ба ҳар 100 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ 5,5 адад дастгоҳи телефонии собит рост меояд. Аз ҳар 100 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ 29,6 нафар истифодабарандаи интернет мебошанд. Инчунин, ҳаҷми пешакии хизматрасонии алоқа ба аҳолӣ 879,4 млн сомониро ташкил намудааст.

http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/14588-khadamoti-alo-a-ech-somonaro-bastan-namekho-em.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *