Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти кишвар Гавҳар Шарофзода аз кам муроҷиат кардани рӯзноманигорон ба ниҳодаш изҳори норозигӣ намуда, гуфт, ки нисбат ба нигоҳ доштани меъёри забони тоҷикӣ беаҳамиятию бетарафиро пеша накунанд.
Номбурда имрӯз, 31-уми июл дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, мутаассифона рӯзноманигоронро дар шаш моҳ як маротиба дар нишасти матбуотӣ мебинад.
— Ман дар ҳар қадам меъёр хато, гуфтор хато, навиштор хато аст, мебинам. Дар асоси низомномаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон мо назораткунандаи иҷрои ин талабот ҳастем. Шумо ба кумита занг бизанед, санг бизанед, маломат кунед, ки дар фалон гузаргоҳ, дар фалон таблиғгоҳ, шабакаҳо, рӯзномаҳо меъёри забони адабӣ вайрон шуда истодааст, Кумитаи забон куҷоро нигоҳ карда истодааст? Мо дар асоси муроҷиати шумо тавонем равем ва татбиқи назорати қонунро ба роҳ монем!,- иброз дошт Гавҳар Шарофзода.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти кишвар инчунин бо тааассуф қайд кард, ки бо мақсади ҳалли мушкилоти масъалаҳои забони давлатӣ дар мавзӯи “Вазъи иҷрои муқаррароти Қонуни ҶТ “Дар бораи забони давлатии ҶТ” дар рӯзномаҳои даврӣ” рӯзи 20-уми июни соли равон дар толори Академияи ВАО мизи мудаввар баргузор карда шуд, вале иддае аз масъулини рӯзномаҳои даврӣ иштирок надоштанд.