Семинар ба хотири боло бурдани сатҳи дониши иқтисодии журналистон

Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” дар доираи лоиҳаи “Дастгирии идоракунии молиявии давлатӣ”, бо мақсади боло бурдани сатҳи дониши иқтисодии рӯзноманигорон семинари навбатии омӯзишӣ доир намуд.

Семинар дар мавзӯи “Дата журналистика: кор бо буҷаи соҳаи маориф”, бо ҷалби мутахассисони соҳа аз Вазорати маориф ва илм, Вазорати молия ва коршиносони мустақил баргузор гардид. Коршиносону мутахассисон ба иштирокдорони семинар тартиб ва қоидаҳои ҳимоя, қабул ва сарфаи буҷа дар соҳаи маорифро шарҳу тавзеҳ доданд.

Бино ба иттилои ташкилкунандагони семинар, ба ҳайси тренери асосӣ Роман Романовский — журналист — тадқиқотчӣ, таҳлилгари Маркази зидди корупсияи «Трансперенси Интернешнл — Россия» даъват шуда, аз таҷрибаи худ ба ширкатдорон маълумот дод.

Маҳина Атаева, як нафар аз ширкатдорони семинари мазкур мегӯяд, «иштирок ва баррасии ин гуна масъалаҳои буҷетӣ дар семинар бо ҷалби мутахассисони соҳа барои мо имкон медиҳад, ки масъалаҳои буҷетиро амиқтар омӯзему воқеъбинона инъикос намоем».

— Воқеан, бисёр масоили нозкуки соҳаи маориф, василаҳои ба даст овардану нашри маълумотҳоро омӯхтем,- гуфт хонум Атаева.

Семинари мазкур бо дастгирии молии Вазорати рушди байналхалқии Британияи Кабир (DFID) ва дастгирии Институти “Ҷамъияти кушода” — Бунёди мадад дар Тоҷикистон амалӣ гардида, давоми 5 рӯз идома ёфт ва дар охир ба ширкатдорон сертификат аз тарафи ТҶ «Хома» супорида шуд.

http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/14517-seminar-ba-khotiri-bolo-burdani-sat-i-donishi-i-tisodii-zhurnaliston.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *