Мақомоти милисаи тоҷик ба ҳукумат пешниҳод кардааст, ки барои халал расондан ба кори маъмурин ҳангоми сӯхтор ва дигар офатҳо, ҷавобгарӣ роҳандозӣ шавад.
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 21-уми июл аз таҷрибаи сӯхтор дар бозорҳои Фархор ва Корвон зикр кард, ки шаҳрвандони зиёд ба фаъолияти кормандони умури дохилӣ халал мерасонданд: “Шаҳрвандони зиёд ҷамъ шуда, аксу навор мегирифтанд, ба фаъолияти кормандони милиса халал мерасонданд”.
Вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар сурати чунин офатҳо шаҳрвандон бояд халал нарасонанд, балки кӯмак кунанд. Ӯ гуфт, ба ҳукумат пешниҳод кардаанд, ки тариқи тағйири қонунгузорӣ, барои халал расондан ба кори мақомот дар чунин ҳолатҳо муҷозот роҳандозӣ гардад.