Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон аз журналистон даъват кард, ки дар навбати аввал худи онҳо бояд ба театр раванд. Ӯ ин нуктаро имрӯз зимни нишасти хабарӣ бо рӯзноманигорон зикр намуд.
Вазир ба суоли журналист, ки “чаро мардум ба театр кам рӯ меоваранд?”, гуфт: “Мӯҳтарам журналистон, дар навбати аввал худатон зиёдтар ба театр биёед ва дар баробари ин, дар байни мардум рафтан ба театрро тарғиб кунед”.
Ҳамзамон, вазир қайд намуд, ки театри зинда як ҷойи маърифат аст ва онҷо бо аҳли хонавода, фарзандон рафтан ва онҳоро дар рӯҳияи миллӣ тарбия кардан ба манфиат аст.
— Мо мардуми ориёӣ ҳастем, он мардуме, ки дар қарни қадим амфитеатр доштем ва ҳамавақт ба театр рӯ меовардем. Мардум ин завқашонро бояд минбаъд ҳам такмил диҳанд,- афзуд ӯ.