Дар ҷаласаи навбатии созмони журналистии «Медиа Алянси Тоҷикистон» Субҳон Ҷалилов, директори барномаҳои ширкати телевизион ва радиои «Ватан» ба ҷои Муним Оламов, директори ҶДММ «Имрӯз News» дабири кулли созмони мазкур интихоб гардид.
Дар ин бора Гулнора Амиршоева, сардабири ҳафтаномаи «Вечёрка», ки ҳамчунин котиби созмони «Медиа Алянси Тоҷикистон» аст, иттилоъ дод.
Субҳон Ҷалилов, раиси навтаъини “Медиа Алянси Тоҷикистон” дар суҳбат бо Faraj.tj гуфт, давоми роҳбарияш кӯшиш бар он хоҳад кард, ки “ҳар як узви ин созмон ҳам манфиат дошта бошад ва ҳам аз узвияташ ифтихор кунад”.
Гуфта мешавад, ки созмон 31-уми июли соли 2005 барои дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқи рӯзноманигорон таъсис ёфтааст. Беш аз 15 васоити ахбори омма ва созмонҳои журналистӣ, аз қабили нашрияҳои мустақили «Фараж», «Факты и коментарий», «Вечерний Душанбе», «Бизнес и политика», “Варзиш-спорт”, созмони “Даст ба даст”, радиои FM- 6, созмони “Бонувони рӯзноманигор”, хабаргузории «Авесто», Ширкати радио ва телевизиони “Ватан”, телевизиони Регар, телевизони мустақили СМТ, телевизиони Қӯрғонтеппа ва дигарҳо узви ин созмони журналистӣ мебошанд.