Директори шабакаи телевизиони “Сафина” Носир Саидов гуфт, ки 65 нафар корманди ин шабака аз ҳисоби «реклама» маош мегиранд. Ин маълумотро номбурда имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар ҷавоб ба суоли хабарнигор расонаӣ кард.
Ба қавли директори навтаъйини ин шабака, то ҳол дар бахшҳои рекламавии телевизион қонуншиканӣ дида нашудааст. “Аз бахшҳое, ки мо реклама дорем, дар телевизиони “Сафина” ягон қонуншиканӣ ба қайд гирифта нашудааст”.
Дар мавриди қарори наве, ки рекламаи шабакаҳои телевизионӣ набояд аз 3 дақиқа зиёд шаванд, Саидов гуфт, ҳар пешниҳоде, ки мешавад, ба манфиати ҷомеа аст ва рекламаи субҳгоҳии онҳо ҳатто як дақиқаро ҳам ташкил намедиҳад. «Агар аҳамият дода бошед, дар бахши “Субҳ ба хайр”, ки барномаҳо дорем, қисмати рекламаи мо то як дақиқа ҳам нест», — гуфт директори ин шабака.
http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/14418-safina-65-nafar-az-isobi-reklama-maosh-megirand.html