Эҳтимол дар зудтарин фурсат домен ё нишонии Тоҷикистон дар шабакаи ҷаҳонии Интернет аз “tj” ба “toj” иваз карда шавад. Ба қавли коршиносони масоили интернетӣ, ки рӯзи 22-юми июн дар Душанбе ҷамъ омаданд, ин мавзӯъ дар дасти баррасии мақомоти тоҷик қарор дорад. Ин нишаст бо ҳузури беш аз 120 намояндаи мақомот ва коршиносони дохиливу хориҷӣ ҷараён гирифт.
Михаил Якушев, муовини раиси Корпоратсияи байналмиллалии идораи доменҳо ё IP нишонаҳо (ICANN), қароргоҳаш дар Амрико, гуфт, қабл аз сафар ба Тоҷикистон хабардор шуд, ки мақомоти расмӣ мехоҳанд, домен ё номи расмии кишвар дар шабакаи ҷаҳонии интернетро тағйир диҳанд.
Ӯ рӯзи 22 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “тасмими ниҳоӣ бояд бар пояи ризояти умумимиллӣ дар Тоҷикистон қабул гардад, ки домени нав ба чӣ шакл навишта шавад. Дар Тоҷикистон ҳуруфи кириллӣ мавриди амал аст ва онҳо метавонанд нишонии худро ба ин хат бинависанд. Вале бояд ба шакле навишта шавад, ки бозгӯи худи кишвар бошад ва ҳар тоҷике онро ба осонӣ шиносад.”
Мушкили муҳимтар аз тағйири домен
Вале аз назари коршиносони байналмилалӣ ва минтақавӣ, соҳаи интернет ва мухобироти Тоҷикистон аз тағйири домен дида, мушкили бештаре дорад, ки мақомот бояд ба ҳалли онҳо пардозанд. Аз ҷумла, сайтбандӣ бо баҳонаи ҷилавгирӣ аз терроризм, суръати кунди шабакаи ҷаҳонӣ ва болои ин ҳама боло будани арзиши хадамоти интернет аз доғтарин масоили ин соҳа ба шумор меравад.
Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш Азим Иброҳим, муовини нахуствазир ва Илҳом Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқа намояндагӣ карда, аз сиёсати давлат дар қиболи интернет ҳимоят карданд. Аммо коршиносони бетараф мегӯянд, бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ, даст задан ба сайтбандиҳо корест, ки дар рушди ин хадамот монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад.
“Сайтбандиҳо ба хотири мубориза бо мухолифон?”
Тату Мамбеталиева, раҳбари созмони ширкатҳои фароҳамкунандаи хадамоти интернетии Қирғизистон ба Радиои Озодӣ гуфт, аксари кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар ин замина аз шеваи ҳамсон кор мегиранд ва дар натиҷа, на бо терроризм, балки бо интиқодгарони худ мубориза мебаранд.
Ӯ гуфт, “мақомоти Тоҷикистон иддао мекунанд, ки бастани сайтҳо ҷилавгирӣ аз терроризм ва ифротгароист. Аммо ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Қирғизистон чунин сайтбандиҳо танҳо мубориза бо мухолифони ҳукуматро ҳадаф қарор додааст. Ҳамзамон дар ҳар ду кишвар иттилои расмие дар бораи хатарҳо аз сомонаҳои мухолифон нашр намешавад. Дар Тоҷикистон мушоҳида мекунам, ки муборизаи муосире бо терроризм ва ифротгароӣ сурат намегирад, вале бо ҳамин баҳона мухолифонро саркӯб мекунанд.”
Дар ҳамин ҳол, мақомоти тоҷик мегӯянд, мубориза бо кибертерроризм, ки бештар марбут ба даъватҳои гурӯҳҳои ифротӣ, ба мисли ДОИШ ва иштирок дар ҷангҳои бегона барои амнияти кишвар хеле ҷиддӣ арзёбӣ мешавад. Ба қавли Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон, ки дар “Нишасти дувуми Осиёи Марказӣ оид ба идораи интернет” дар ин замина суханронӣ кард, аксари кишварҳои вориди шабакаи ягонаи интернет мафҳуми киберҷиноятҳо ва масъулият барои ингуна хилофкориҳоро ба таври мухталиф таъриф мекунанд. Ӯ гуфт, «маънидод кардани заминаҳои ҳуқуқии киберҷангҳо, киберҳамлаҳо, терроризм ва ифротгароӣ мухолифатҳои ҳуқуқӣ вуҷуд дорад» ва даъват кард, ки «кишварҳо мавқеи ягона дошта бошанд.»
Интернети суст дар Тоҷикистон
Масъалаи дар як соли охир махсусан доғшудаи суръати сусти интернет, ки ба кори шаҳрвандони оддӣ ва ҳам корбарони он таъсиргузор шудааст, ба қавли масъулини ин соҳа ба дурии масофаи интиқоли хатҳои пайвастшавӣ марбут мебошад.
Асомуддин Атоев, коршиноси умури хадамоти интернетӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, “хатҳои интернетӣ ба Тоҷикистон аз Чин ва Русия тавассути Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбакистон ворид мешаванд. Дар чунин ҳолат суръати интернет дар масофаи дур суст мешавад. Ба ҷуз ин, дар дастрасии сокинон ба интернет воситаҳои техникии дастрасӣ низ нақши муҳим доранд.”
Сайтбандиҳо поён наёфтааст
Зимнан, баъди ду соли масдудшавии шабакаи “Фейсбук” ахиран корбарон ва имрӯз – мутахассисони соҳа гуфтанд, ки дастрасӣ ба ин шабакаи иҷтимоии пуртарафдор дубора мумкин шудааст. Айни замон, дастрасӣ ба вебсайтҳои хабарие назири Радиои Озодӣ ҳамоно маҳдуд аст.
Коршиносон мегӯянд, бо рушди расонаҳои рақамӣ ва ҳам шабакаҳои иҷтимоӣ, ки шояд танҳо майдони зикри интиқод аз вазъи сиёсиву иҷтимоии кишвар шудаанд, мақомот талош мекунанд дастрасии мардумро ба ин пойгоҳҳо маҳдуд нигоҳ доранд. Суст шудани суръати интернет ҳам метавонад ба хотири маҳдуд кардани дастарсии мардум ба иттилои озод сурат гирад.
Нархи «рекордӣ»-и интернет
Феълан дар Тоҷикистон ҳудуди 2,8 миллион нафар ба интернет дастрасӣ доранд, ки нисбат ба соли 2015 тақрибан 1 миллион нафар камтар аст. Ҳамзамон ҳудуди 5 миллион нафар телефонҳои мобилӣ низ доранд, ки метавонанд тавассути он ба шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст шаванд. Ин дар ҳолест, ки яке аз нархҳои “рекордӣ” барои истифодаи Интернет дар ҷаҳон дар Тоҷикистон будааст.
Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ҳамин гаронӣ сабаб шудааст, то қисми ками ширкату идораҳо дар Тоҷикистон дар ҷойи кор аз Интернет истифода баранд. Коршиносон мегӯянд, ки гаронии Интернет дар Тоҷикистон натиҷаи назорати аз ҳад зиёди мақомот ва ҷорӣ шудани пардохтҳои зиёд болои ширкатҳои интернетрасон будааст.
https://www.ozodi.org/a/tajikistan-try-to-change-its-domain-in-internet/28573605.html