Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон сомонаи нави хабарии sugdnews.tj-ро фаъол кард.
Мақсади ташкил намудани сомона дар муроҷиатномаи дастандаркоронаш ба хонандагон чунин шарҳ дода шудааст:
— пур кардани фазоииттилоотии вилоятиСуғд бо иттилооти боэътимод ва саривақтӣ оид ба сиёсат, ҷомеа, варзиш, сайёҳӣ,фарҳанг, таърих ва ҳаёти ҳаррӯзаи сокинони минтақа;
— муаррифии сомона миёни хонандагони ҷаҳон, ҷалби сайёҳони хориҷӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи фазои иттилоотии кишвар аз ҳамлаҳои иттилоотӣ ва тӯҳматҳои интернетӣ;
— тарбияи насли нави журналистони ҷавону ояндадор.
Сомона танҳо бо забони русӣ фаъол буда, муассисон нақша доранд дар оянда бочанд забон пахш шавад: «Мо умедворем, ки бо мурури замон, ин сомона ба якагентии иттилоотии муваффақи чандзабона табдил хоҳад ёфт», — мегӯяндмасъулин.
Дар ҳамин ҳол, директории маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон Хуршед Ниёзов (Хуршед Атовулло), ки ин сомона айни замон дар назди ин марказ фаъолият дорад, аз ҳамагон хоҳиш кардааст, маводи иттилоотиашонро дар шакли хабар, гузориш, мусоҳиба ва мақолаҳои таҳлилӣ, видеоҳо ба почтаи электронии сомона фиристанд: «Мо омодаи ҳамкорӣ бо ҷомеаи журналистии ҳамаи 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳастем. Ҳар шахс метавонад ҳамчун хабарнигори мардумӣ ё минтақавии мо бошад. Баъд аз таҳрир навиштаи онҳо дар сомонаи мо нашр карда мешаванд. Мо мехоҳем ба ҷаҳониён диёри азизамонро аз ҳар зовия нишон диҳем», — мегӯяд Хуршед Ниёзов.
http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/14027-sugdnews-tj-ba-a-onijon-ch-meg-yad.html