Муроҷиат оид ба ҳуқуқи озодӣ зиёд шудааст

Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи дастгоҳи ин мақоми олии қонунбарор бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони дастгоҳи парлумони касбии мамлакат семинар-машварат дар мавзӯи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» баргузор гардид.

Дар назди иштирокчиёни семинар мудири шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони Маҷлиси намояндагон, Абдулбасир Сабуров баромад карда, иброз намуд, ки Қонуни мазкур муносибатҳоро вобаста ба тартиби пешниҳод ва баррасии муроҷиатҳои  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҷиҳати ҳимояи  ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии онҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо, муассисаҳо, корхонаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ (минбаъд – мақомоту ташкилоти дахлдор), ирсол гардидаанд, танзим менамояд.

Мавсуф ҳамчунин роҷеъ ба муроҷиати электронӣ, муроҷиати шифоҳӣ, муроҷиат тавассути воситаҳои ахбори омма, муроҷиати дастҷамъона, муроҷиати такрорӣ ибрози андеша намуда, таъкид намуд, ки  шахсони мансабдор ва шахсони ваколатдори мақомоту ташкилоти дахлдор, ки  бо  тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муроҷиатҳоро моҳиятан баррасӣ менамоянд ба ин самти кор таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.

Абдулбасир Сабуров ҳамчунин иброз намуд, ки амали Қонуни мазкур нисбат ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба мақомоту ташкилоти дахлдор татбиқ мегардад, ба истиснои муроҷиатҳое, ки тибқи талаботи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофивии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Кодекси  расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин, муроҷиатҳои дигар, ки нисбат ба онҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигари пешниҳод ва баррасӣ пешбинӣ шудааст.

Дар доираи қонуни мазкур таъқиб намудани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бинобар  муроҷиати онҳо ба мақомоту ташкилоти дахлдор вобаста ба танқиди фаъолияти мақомоту ташкилот ё шахсони мансабдору роҳбарони онҳо ҷиҳати барқарор ё ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии худ ё ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии шахсони дигар манъ аст.

Муроҷиатҳои хаттӣ дар сурате баррасишуда эътироф карда мешаванд, агар ҳамаи масъалаҳои  дар муроҷиат зикрёфта ҳал гардида, барои таъмини ҳифз, амалигардонӣ ва барқарорсозии ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии муроҷиаткунанда чораҳо андешида, ба муроҷиаткунанда ҷавоби хаттӣ ирсол шуда бошад.

Абдулбасир Сабуров ҳамчунин оид ба муроҷиатҳое, ки нисбат ба қарори суд пешниҳод шудаанд, ибрози назар намуда, афзуд, ки чунин пешниҳодҳо, дар муҳлати се рӯз аз рӯзи ба қайд гирифта шудан ба муроҷиаткунанда, ки онро ирсол намудааст, бо тавзеҳ додани тартиби шикоят овардан нисбат ба қарори суд баргардонида мешаванд.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/13783-muro-iat-oid-ba-u-u-i-ozod-zijod-shudaast.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *