Дар театри мусиқию масакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қурғонтеппа санаи 20 апрели соли равон семинари вилояти таҳти унвони «Иттилоот ва нақши он дар таъмини субботу амнияти ҷомеа» доир гардид, ки хабарнигорон аз ҳафтаномаю маҷалаҳои шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, радио ва телевизион ва хабарнигорони расонаҳои мустақил ширкат карданд.
Дар ин семинар, ки намояндагони умури дин, мақмоти тафтишоту амниятӣ ва ҳам пулис ширкат доштанд, даъват ба амал оварданд, ки журналистон дар муқобили ифротгароӣ бояд мақолаю гузоришҳои хубе навистанд, то тавонад мафкураи мардумро ба роҳи рост барад.
Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон нақши хабарнигорон ва ВАО-и и вилоятро барои коҳиши ифротгароӣ дар миёни мардум муҳим арзёби намуда, гуфт, ки бояд дар муқобили гурӯҳои ифротгароӣ бошем.
Дар ҳоле, ки Махфират Хидирзода нақши ВАО-ро муҳим арзиёби кард, ки гуфт ҳафтаномаю маҷалаҳое, ки дар саросари вилоят ба чоп мерасанд ба талаботи чандон ҷавобгӯи нестанд ва мазмуну муҳтавои онҳо чандон ҷолиб нест.
Дар ин семинар ҳамзамон намояндагони дин суҳбатҳо , гуфтанд, ки поигоҳои хабарии расонаҳои гурӯҳои ифротию терористӣ, ки фаъолияташон дар кишвар масдуд карда шудааст аз лиҳози фани ва нашри хабару гузоришҳо пурзуртар аз оне аст, ки мо дар кишвар ба он мубориза мебарем.
Хадамоти мониторингии АМВАОМТ