Манижаи Давлат бармегардад, агар…

Аз ситораҳои эстрадаи тоҷик хоҳиш шудааст, ки бо ВАО сӯҳбат накунанд, дар аски ҳол ба «рӯйхати сиёҳ» бармегарданд ва сабти суруду оҳангҳояшон аз шабакаҳои давлатӣ пахш карда нахоҳанд шуд.

Аввали ин ҳафта ВАО навиштанд, ки намояндагони Вазорати фарҳанг ва Кумитаи давлатии телевизиону радио ба овозхонҳои маъруфи ба истилоҳ «дар рӯйхати сиёҳ қарордошта» гуфтаанд, ки оҳану сурудҳояшонро  тариқи телевизони марказӣ пахш хоҳанд кард. Баъдтар маълум шуд, ки ин «муҳаббат» бе подош набудааст, зеро аз ин сарояндагон, аз қабили Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед, Манижаи Давлат, Садриддини Наҷмиддин ва дигар «мамнӯъшудаҳо» талаб карда шудааст, ки дар ин мавзӯъ бо ВАО сӯҳбат накунанд.

Гуфта мешавад, ки ин овозхонҳо бо ин шарт ба маъракаҳои давлатӣ даъват хоҳанд шуд. То ҳол ҳеч кадом аз ин овозхонҳо бо ВАО дар ин бора суҳбат накардаанд, аммо як сарчашма ба ОИ «АП» гуфтааст, ки дар телевизиони марказӣ чунин «рӯйхати сиёҳ» нест ва ҳам чунин иқдоми баргардонидани онҳо ба шабакаҳо гирифта нашудааст. Ин манбаъ сабаби ба шабакаҳо роҳ наёфтани сабти суруду клипҳоро ба меъёр ҷавобгӯ набудани онҳо гуфтааст.

http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/13728-manizhai-davlat-barmegardad-agar.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *