Озодии матбуоти тоҷик дар зинаи 149-ум

Тоҷикистон дар рейтинги озодии матбуоти World PressFreedom, ки онро созмони «Хабарнигорони бе марз» тартиб додааст, дар зинаи 149-ум қарор дорад.

Ҳамин тавр, Тоҷикистон дар ин рейтинг аз кишварҳои Африқо қафо монда, ҳамагӣ як зина аз Русия поён аст.

Ба ин рейтинг 180 кишвар шомиланд. Зинаи якум дар озодии матбуот насиби Норвегия шудааст. Кишварҳои Шведсия, Финляндия, Дания ва Нидерландия дар зинаҳои баъдӣ қарор доранд. Дар се зинаи охир Туркманистон (178-ум), Эритрея (179-ум) ва Кореяи Шимолӣ (180-ум) ҷой гирифтаанд.

Кишварҳо аз рӯи ҳолати озодии матбуоташон дар рейтинг ба рангҳои аз сафед то сиёҳ ҷудо карда шудаанд. Ранги сафед нишондиҳандаи вазъи хуб дар матбуот, зард – қонеъкунанда, норинҷӣ – мушкилот ба назар мерасад, сурх – вазъ мушкил аст, сиёҳ – вазъ хелле ҷиддӣ аст. Тоҷикистон дар қатори Русия, Белорус, Афғонистон, Венесуэла, Қазоқистон ба ранги сурх шомил аст.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/13712-ozodii-matuboti-to-ik-dar-zinai-149-um.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *