Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 17-уми март чанд қарор оид ба таъин ва озод намудани хизматчиёни давлатӣ ба имзо расонд, ки дар аооси Қарори №141 Камолова Маҳбуба Расуловна сармуҳарири рӯзномаи «Народная газета» таъин шудааст.
«Народная газета» рӯзномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар як ҳафта як маротиба бо забони русӣ нашр мешавад.
Ду қарори дигар дар бораи сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ дар назди Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Замонзода М.А. ва аз вазифаи директори Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Муминов Ҳ.Ҳ. мебошанд.
http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/13388-sarmu-arriri-nardonaya-gazeta-nav-shud.html