Рӯзи матбуот 10-уми март таҷлил мешавад

Имсол маъракаи Рӯзи матбуоти тоҷик дар санаи 10-уми март баргузор мегардад, зеро рӯзи 11-уми март, ки чун Рӯзи матуботи тоҷик қабул шудааст, ба рӯзи шанбе, яъне рӯзи истироҳат, рост меояд.

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо Вазорати фарҳанг тасмим гирифтаанд, ки маъракаи анъанавии таҷлили Рӯзи матбуотро 10-уми март, соати 14:30, дар Театри давлатии Лоҳутӣ баргузор кунанд. Дар ин рӯз аз тамоми журналистоне, ки тӯли соли гузашта муваффақ буданд, ном бурда хоҳад шуд. Ҳамзамон, дар ин маърака номи онҳое, ки барандаи ҷоизаи асосии журналистон – Ҷоизаи Лоҳутӣ шудаанд, эълон хоҳад шуд. Барои соҳиб шудан ба Ҷоизаи Лоҳутӣ имсол 28 нафар дар бахши матбуот, телевизион, радио ва илм талабгор шудаанд.

Дар ин рӯз ба журналистони ҷавон ҷоизаи ҳарсолаи факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон Ҷоизаи Воҳид Асрорӣ низ тақдим мегардад.

Гуфта мешавад, ки 10-уми март дар толори Театри давлатии Лоҳутӣ намоиши рӯзномаву китобҳои нав баргузор хоҳад шуд.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/13293-r-zi-matbuot-10-umi-mart-ta-lil-meshavad.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *