Таассуфи профессор аз вазъи ВАО

Дастрасӣ ба иттилооти боэътимод, нақши иттилооти боэътимод дар рушди журналистикаи касбӣ, омилҳои дастрасӣ наёфтани журналист ба иттилооти боэътимод, набудани иттилооти боэътимод-сарчашма холигоҳи иттиллоотӣ, роҳҳои дастрасӣ ба иттилооти боэътимод, тарс ва андеша монеи дастрасӣ ба иттилоти боэътимод ва риояи меъёрҳои ахлоқӣ — роҳ ба сӯи дастрасӣ ба иттилооти боэътимод ва дигар мушкилоту проблемаҳо буданд, ки ҳафтаи гузашта, 18-уми феврал зимни як мизи мудаввар дар толори «Кохи афсарон» дар Душанбе мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода шуд.

Дар мизи гирд, ки бо ибтикори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ва сарпарастии Бунёди рушди демократияи сафорати Амрико дар Тоҷикистон баргузор гардид, журналистони собиқадори касбӣ, хабарнигорони расонаву нашрияҳои давлатию мустақил иштирок намуда, мушкилоти дастрас намудани маълумот ва иттилоотро аз сарчашмаҳои боэътимод — мақомоту идора ва ташкилотҳои давлатию хусусӣ мавриди таҳлилу баҳс қарор гирифт.

Профессор Иброҳим Усмонов, яке аз ширкатдорони ин нишаст дар мавзуи «Нақши иттилооти боэътимод дар рушди журналистикаи касбӣ» баромад намуд. Мавсуф аз вазъи ногувори имрӯзаи рӯзномаҳои кишвар, бахусус расонаҳои мустақили кишвар дар самти пайдо намудани иттилоот изҳори нигаронӣ намуда, гуфт, дар муқоиса бо 3 соли охир хабар дар матбуот тақрибан аз байн рафта истодааст ва хабарнигорон бештар ба жанри таҳлил рӯ овардаанд.

Ба андешаи Усмонов, қаблан агар дастрасӣ ба матолиби мақоми расмӣ кори аз ҳама мушкил буд, имрӯз пайдо кардан ва истифода бурдани матолиби ғайри мақоми расмӣ кори аз ҳама мушкилтар шудааст. Аз ин рӯ, хабарнигорон кӯшиш мекунанд, ки бештар таҳлил диҳанд, бештар фикри худашонро гӯянд. Ин аст, ки аз факт дуртар, ба сухан бештар майл мекунанд.

Инчунин, ӯ аз тарзи истифодабарии манбаъ дар чанд матолиби расонаҳои кишвар, ки аз қавли онҳо омода шудаанд, эрод гирифта, гуфт, баъзан рӯзноманигорон аз манбаъҳое истифода мебаранд, ки манфиати ҳамон тарафро ифода мекунад ва ба нафъи мо нест.

— Дар ҳама ҷо манбаи расмӣ як хел аст, вале на ҳама онро як хел истифода мебаранд. Дар бисёр маврид матолиби манбаи расмӣ дар шакли айнан не, балки дар шакли бардошти худи журналист истифода мешавад, ки хусусияти манбаъ ҳам тағйир меёбад. Яке аз рӯзномаҳои кишвар ба наздикӣ дар такя ба манбаъ — Виталий Портников, шореҳи сиёсии украинӣ бо ишора ба қазияи мармузи куштори Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидов навиштааст, ки «ин гуна аз байн бурдани командирҳои саҳроӣ яке аз усулҳои куҳан ва таҷрибашудаи Комитети амнияти бехатарӣ мебошад». Манбае, ки мо истифода бурдем, манбаи муқобили Русия ва воқеае, ки дар он сухан меравад, дар бораи Русия, яъне ишора ба Русия аст. Ин манбаъ бо ин гуна материал Тоҷикистонро бо Русия ҷанг андохтан мехоҳад. Дар матбуоти мо10-12 сол боз дар бораи чӣ гуна кушта шудани ин командирҳои саҳроӣ ҳар рӯз мухбирони худамон менависанд. Вале вақте дидаву дониста ба манбае такя мекунем, ки он барои мо эътибор надорад, зеро ин манбаъ ҷанги дохилии ду гуруҳро ифода мекунад, ки мо аз ҳардуяш ҳам берун ҳастем, баъд дар бораи чигунагии ин матолиб фикр кардан даркор мешавад, ки оё бо чунин шакл матлаб даркор буд барои мо ё не,- мегӯяд профессор.

Усмонов инчунин мутаассиф аз он аст, ки «вақтҳои охир дар матбуот мафҳумҳои «як манбаъ, ки нахост худашро ифшо кунад» ё «як манбаъ мегӯяд» анъана шудааст. Бархе рӯзноманигорон манбаи набударо ба сифати манбаъ истифода мебаранд. Манбаъ он нафарест, ки ном ва вазифаи мушаххасу муайян дорад. Ба хабару мақолаҳое, ки дар нашрияҳо бе ном бурдани манбаъ расонаӣ мегарданд, эътимод надорам». Ба назари профессор, журналистон ҳангоми омода намудани матлаб бояд аз манбаъи муътамад, ному насаби ӯ ва омори аниқу дақиқгардида истифода намоянд, на аз тахминҳо, то хонанда ба он боварӣ ҳосил кунад.
Нуриддин Қаршибоев, раиси АМВАОМТ (Ассотсиатсияи миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон), ки дар мавзуи «Омилҳои дастрасӣ наёфтани журналист ба иттилооти боэътимод» суҳбат мекард, гуфт, дар тӯли 20 соли фаъолият ин Ассотсиатсия ба мушкилоти дастрасӣ ба иттилоот сарукор дорад, вазъи дастрасиро пайгирӣ мекунад ва ҳаддалимкон кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ҳамкасбон ҳангоми дастрасӣ ба иттилоот аз механизмҳои ҳуқуқӣ истифода намоянд. Номбурда аз он нигаронӣ намуд, ки дар тӯли 20 сол ин мушкилот рӯзмарра буд ва новобаста ба он, ки тибқи амри президент роҳбарони вазорату идораҳо бояд давоми ҳар се моҳ бо журналистон нишасти матбуотӣ гузаронида, иттиллои тоза пешниҳод намоянд ва он омада-омада ба ним сол расид, баъзе аз мансабдорони давлатӣ аз пешниҳод намудани иттилооте, ки барои мардум муҳим аст, ба журналистон сарпечӣ мекунанд.

Қаршибоев гуфт, моҳи январ бо гузаронидани пурсише тариқи интернет ба хотири муайян намудани эҳтиёҷот ва расонидани кӯмакҳои ҳуқуқӣ ба нашрияҳо ва рӯзноманигорони алоҳида гузаронида шуд, маълум гардид, ки аз сад фоизи пурсидашудагон 43 дарсадашон дар дастрас намудани иттиллоот мушкил доранд ва ҳатто он манбаъҳоеро, ки ба мақомоти давлатӣ дахл дошт, зикр карданд.

Ба қавли Қаршибоев, пурсидашудагон аз нигоҳи худтанқидкунӣ муносибат намуданд ва 19 фоизашон аз паст будан сатҳи пасти маърифати ҳуқуқии худи журналистон интиқод карданд. Зеро рӯзноманигорон ё аз меъёрҳои қонун дар бораи дастрасӣ ба ахбор бехабаранд ва дархост пешниҳод намекунанд, то мақомот мувофиқи он дар муҳлати 3-рӯзаи муқаррарнамудани қонун ба журналист маълумот диҳад ва ё ба қонун дар ин маврид бовар надоранд.

— Тибқи назарпурсии рӯзноманигорон 14 фоизашон гуфтанд, ки дар самти дастрасӣ ба иттилоот душворӣ надоранд. Вале ман ба ин бовар надорам, зеро агар ин миқдор дар ҳақиқат барои дастрас намудани маълумот монеагӣ намедоштанд, журналистикаи мо хеле пеш мерафт. Ман фикр мекунам, ҳамагӣ аз 2 то 4 фоизи журналистони касбие ҳастанд, ки дар гирифтани иттилоъ аз мақомот мушкил надоранд. Намехоҳам ба иззати нафси ҳамкасбонамон расам, вале боқимонда «пиаршикҳо»-янд, ки журналистикаро аз робита бо ҷомеа фарқ намекунанд,- иброз намуд Н. Қаршибоев.

Номбурда фикри онро, ки мегӯянд мансабдорон аз меъёрҳои қонуни матбуот бехабаранд, ботил шумурд ва гуфт, пурсиш нишон дод, ки фақат 10 фоизи мансабдорони мақомоти ҳокимияти давлатӣ шояд аз меъёрҳои ҳуқуқии дастрасӣ ба иттилоот бехабар бошанд.

Нуриддин Қаршибоев аз фаъолияти Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд шикоят намуда, гуфт «аз болои амали ӯ дар мавриди рад намудани пешниҳоди маълумот оид ба шумори ҳамватанони мо, ки дар ҷангҳои дохилии давлатҳои хориҷӣ иштирок доранд, ба Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат мекунем ва дар сурати нагирифтани ҷавоби мувофиқ ва ислоҳ нагардидани камбудиҳо то ба суд хоҳем рафт».

Ба андешаи номбурда, пинҳон намудани шумори тоҷикистониёне, ки ба гуруҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» ва дигар гуруҳҳои ифротӣ шомил шудаанд, сирри давлатӣ нест ва ошкоро пешниҳод кардани иттилоот дар ин маврид теъдоди онҳоро на кам мекунад на зиёд.

Нуриддин Қаршибоев дар идома гуфт, бояд мақомоти кишвар маълумотҳои сирри амниятӣ доштаро аз статистика (омор), ки бояд ҳатман зимни нишастҳои матбуотӣ ба хабарнигорон пешниҳод карда шавад, фарқ гузоранд.

Дар мизи мудаввар инчунин аз ҷониби котиби ИЖТ Наҷмиддини Шоҳинбод, ҳуқуқшинос Суҳроб Пӯлодов, котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Илёсзода, журналистон Раҷаби Мирзо, Акрами Санг, Одили Нозир мушкилоти ҷойдоштаи соҳа ба риштаи таҳлил кашида шуд.

Дар ҷараёни мизи гирд видео-опроси «Мушкилоти дастрасӣ ба иттилооти боэътимод кадом аст?» намоиш дода шуд, ки дар он андешаи журналистони амалӣ ва мушкилиҳои рӯ ба рӯи эшон садо доданд.

Дар поёни мизи гирд тавсияҳо барои беҳбуди кор дар ин раванд пешниҳод шуданд. Аз ҷумла, баргузор намудани тренинг бо ширкати кормандони марказҳои матбуотӣ, нашри брошюра перомуни мавзуи дастрасӣ ба иттилоот, риояи меъёрҳои ахлоқӣ ҳангоми пешниҳоди матолиб, ташкили платформаи ягона барои пайгирии вазъи дастрасӣ ба иттилооти расмӣ.

Ҳозирин ба ин хулоса расиданд, ки масъалаи дастрасӣ ба иттилооти дақиқ чун яке аз мушкилоти асосии журналистикаи муосир боқӣ мондааст.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/hukumat/13208-taassufi-professor-az-vaz-i-vao.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *